ЗАМИНИ МОДАРӢ

Ҳамеша ва дар ҳама ҷо барои бачаҳоям дар тарсу ларзам. Ҳар гирудоре, ҳар ҳаёҳӯе, ҳар ҷиғу чириғе, ҳар садои тасодуфу тасодуме, ҳар бонги тиру туфанге маро хотирпарешону хавотир месозад.(…) Дар Маскав ҳам тинҷӣ набуд. Ҳамин, ки чир-чиру ҳушт-ҳушти милиса ба гӯшам мерасид, аъзои баданамро дарақ-дарақ ларза мегирифт, набзам канда шуда, хунам аз ҳаракат мемонд. Ҳеҷ намехостам, ки бачаҳоям ба кӯча бароянд. Зеро ҳамчун «кавказская национальность» таъқибу лату кӯб мешуданд.
Инак, дар Америка низ сахт хавотирам, бештар аз тасодуфу тасодум. Вақте ки мошинҳои таъҷилию полису сӯхторнишонӣ пайиҳам бонги хатар зада, бо доду фиғон мегузаранд, аз даҳшат дилу ҷигарам пора-пора мешавад.
Ҳар рӯз ин бонги даҳшатнокро чандин бор мешунаваму чандин бор мӯй дар баданам ҳамчун сӯзани тез сих зада рост мешавад, ки бачаҳоям мошин меронанд. Ҳар рӯз ин даҳшатро чандин бор мебинаму чандин бор мурдаю зинда мешавам, ки бачаҳоям дар ҷӯшу хурӯши селоби мошинанд.
Россия одатан ҳар тарафе латтаю сарбанди сурхе бинад, ҳамон тараф метозад, ба умеди пасмондаҳои Шӯравӣ - коммунистони собиқ, тӯдаҳои заҳматаш ва дастаҷоти бешуури шӯравимаъоб. Америка баръакс, дар атрофи ришу фашу тоқии арақчин мегардад, ба «муҷоҳид»-у «экстремист»-у «фундаменталист» сарукор дорад. Аз ҷумла ба бунёдгароёни толибини Тоҷикистон. Зеро дар ришу фашу тоқии арақчини толибини тоҷик мухолифини оштинопазири Россияро мебинад. Бинобар ин, ҳар ҳайате, ки аз ин ҷумҳурӣ даъват мекунад, аз толибин, яъне аз муллою муллобашараҳои гӯлу гумроҳ иборат аст. Боре надидаму нашунидам, ки аз коммунистону демократҳо ё нависандаҳо ҳайате даъват карда бошад.
Ҳангомае, ки ахиран Америкаро фаро гирифт, як масъалаи ҳавасангез буд. Яъне раисҷумҳур бо Моника Левитская ном зани ҷавоне алоқаи ҷинсӣ доштааст.
Конгрессмен ҳам аз ҳамин мавзӯъ сухан меронду сенатору пастор (рӯҳонӣ) ҳам. Ин алоқаи ҷинсӣ мавриди импичменти* Конгресс гардид. Дар саҳифаи аввали рӯзномаҳо, дар рӯйи муқоваи маҷаллаҳо, дар оинаи телевизор Билл Клинтонро нишон медоданд, ки дар чашмаш қатраи ашк менамуд ва ба садои гирифтаю печида баёнот медод.
Вале, вақте ки ҳавопаймоҳои қиркунандаи Америка ҳатто аробаҳои гурезаҳои Косоворо бомбаборон мекарданд, Конгрессу конгрессменҳо, сенату сенаторҳо, калисоҳою пасторҳо ва ҳангоматалабони матбуоту телевизион об бар даҳон гирифта, бинг намегуфтанд. Пиру кампиру кӯдакони ваҳшатзадаро, *Ба мубоҳиса файсала додан.
ки зери барфи қаҳратун ба кӯҳҳо мегурехтанд, касе аз ин башардӯстон намедиду намешунид.
Агар, ки аҳёнан аз ин мавзӯъ гап мекушоданд, ҳатман Россияро бад мегуфтанд, ки гӯё ба корҳои дохилии Америка дар Югославияю Албания дахолат мекунад. Дигар дар чашми худи Клинтон ҳам осори ашк набуд.
Дар Америка сеҳру ҷоду, тилисму чашмбандӣ, найрангбозию афсунро «Маgiс» (маҷик), меноманд, ки расми ҳамон муғони қадимист. (Вожаи «муғ» туфайли кӯҳи Муғ, деҳаи Муғиён ва ғайра дар Тоҷикистон шинос аст). Ин расм дар Штатҳои Муттаҳида устодоне дорад, ки хиштеро беҷо накарда ҳамчун арвоҳ аз қабати девори бузурги Хитой мегузаранд. “Муҷассамаи Озодӣ”
-ро бурида, пора-пора мекунанд, ки осебе намебинад. Дар корҳои инҳо ҳангу даранг мемонӣ. Вале аксаран сазовори тақлиду истиқбол нестанд, сахт хатарноканд. Барои мисол, мебинӣ, ки муғе зарфи шишагию муғе алмоси риштарошӣ хурда истодааст ва ту ҳам шишаи алмос хурда, лабу даҳану дилу ҷигаратро пора-пора мекунӣ. Аз куҷо медонӣ, ки шишаю алмоси муғ аз кафки хушки қанду набот аст. Ё мебинӣ, ки як кас қуттии оҳаниеро ба бинияш зада, шикоф кард ё шамшереро ба ҳалқаш халонд. Намедонӣ, ки қуттии оҳании америкоӣ аз коғаз фарқ надорад ва он шамшер ҳам ягон пардаи хушки қандалот аст. Ва ё мебинӣ, паҳлавоне сутуни бетониеро канда бардошта бурд. Ва ту ҳам паҳлавонӣ карда, ягон сутуни бетониро мебардорию ҳарду мояат зада мебарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё