Зеҳн
ЗАМИНИ МОДАРӢ

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 110 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз куҷо медонӣ, ки он сутуни бетонии муғ аз пукаю пати ҷуворист.
Умуман ба нағмаҳои америкоиҳо баҳсу ситеза карда намешавад. Аз коғазу пару пат хонахои сутунзадаи барҳавое месозанд, ки ба як пуф ҳамчун пуфак ба ҳаво парида мераванд.
Вале ин муғиҳо дар пеши шамании Бенни Ҳинн ном рӯҳонии айёр бозиҳои кӯдаконаанд. Ӯ дар дасте “Инҷил»-у дар дасте микрофон канали барномаҳои диниро тасарруф карда, шабу рӯз тентакию худнамоию масхарабозӣ мекунад.
Шон худашро Масеҳои замон тарошида, дар майдонҳою толорҳои азим, дар ҳузури ҳазорон-ҳазор ҷамъият бо як ҳавои даст кӯри модарзодро биною гунги модарзодро гӯёю шали модарзодро гиро менамояд. Дар саҳнаи ин золию шайтонӣ тӯда-тӯда шалу динги сохтаи золу шайтонро мебинӣ, ки чигасҳоро партофта, меҷаҳанду мерақсанду бозӣ мекунанд. Мурдаю ниммурдаҳоро, ки дар тобуту занбар аз зери панҷааш мегузаронанд, аз хоби марг атса зада парида мехезанд. Ба як пӯписаи ӯ ҷину аҷина мегурезаду девонаи занҷирбанд ҳушёр мешавад.
Ғарами мактубҳое, ки гӯё аз мухлисони худоҷӯяш гирифтааст, аз ғарами мактубҳои Қасри Сафед баландтар аст. Ман эътиқодманди дину мазҳаб нестам. Лекин шаманию шайтонии ин Масеҳои сонӣ нафратовар аст. Ва манфур аст ҷамъияте, ки ба ӯ гулрезию кафкӯбӣ мекунад.
Ин Бенни Ҳинн инсон не, мор аст, аждаҳор аст, ки дар мекашад. Худи аз як мӯйи сари сайқалзадаю олуфтасатангиаш маълум аст, ки қаллоби гузарост, дар ваҷоҳаташ осоре аз истеъдоду илҳоми илоҳӣ нест.
Шаҳнабози чарсу чолокест, ки бо шаҳнабозӣ ҳушу хаёли мардумро дуздида, кисаҳояшонро холӣ мекунад. Аз авомфиребии ӯ натиҷа мегирӣ, ки Исои Масеҳ ҳам айёре будааст. Ана, Кашпировскию Чумакҳо аз куҷо илҳом мегирифтаанд. Ана, Кашпировскию Чумакҳо ба кӣ тақлид карда, мардумфиребӣ мекардаанд.
Диндорони асил аз рӯи ин хари даҷҷол безоранд, аммо додгоҳею додситоне нӯхтаашро намекашад. Ку қонунҳои одилонаи Америка? Ку қонуни ҳуқуқи башар? Қонуни ҳуқуқи башар Бенни Ҳинну Салмон Рушдӣ барин ифротиёнро дифоъ менамояд. Воқеан, фатвои маъруфи имом Хумайнӣ алайҳи Рушдии муртад айни савоб аст.
Боист алайҳи Бенни Ҳиннаш низ фатво содир намуд. Магар эътиқоди башарро масхара доштан ҷиноят нест?


Ба мамлакати Шарқ гурехтани як аврупоию америкоӣ шармандагист. Ҳатто ба Россия гурехтани бомжи зери кӯпрукҳои Нию-Йорк шармандагист, ҳамчун шармандагии касе, ки наҷосаташро дар тоқӣ гирифта, аз боғи биҳиште гурехта меравад. Парандаҳои ҳаво ҳам аз Шарқ баланд парида мегузаранд, ба замин намефуроянд, ки хатарнок аст, дар як лаҳза шапида лахта-лахтаю пару пучашон мекунанд.
Магар селаи мурғобию қозу турнаю лаклаку оҳуву санҷобу қоқум бар дару боми мардуми Шарқ бошад, зиндаю саломат мемонад? Магар аз кафи дасташон алафу обу дона мехӯранд? Магар барояшон лонаю ошёна месозанд?
Баръакс, аз чор тараф сангу кулӯху тирборон мешаванд, калтаккӯбу хуншору каллакан мешаванд.
Аммо дар Америка дастомӯзанд, силаю навозишашон мекунанд: аз ҷаҳишу паришу хонишашон завқ мебаранд. Ва ин аломати фаровонию баракату тинҷист. Аз фаровонию баракату тинҷӣ натанҳо мардум, балки ҷуку ҷондор, парандаю чаранда, мурғу моҳӣ, мӯру малах ҳам баҳраманданд. Аз ин рӯ, издиҳоми парандаю издиҳоми муҳоҷир, селаи парандаю селаи муҳоҷир, фавҷ-фавҷи парандаю фавҷ-фавҷи муҳоҷир бо хотири ҷамъу бо дили беташвиш ба Аврупою Америка рехтаанд. Ин қадар турку афғону эронӣ, курду балуҷу ҳинду ба Аврупою Америка гӯё ба хонаи хешу таборашон мегурезанд.

пешина
аз 110
навбатӣ