Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Зан набошад, зебу зинат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар рўйи замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пайи мо.
Мард бошӣ, байрақи болои сар кун номи зан,
Сабт дар боби зафар бо хатти зар кун номи зан.
Номи зан то осмон бардор дар болои каф,
Машъали тобанда чу шамсу қамар кун номи зан.
1975
ДАР ЁДИ ҶАВОНӢ
Агар бинам туро, орам ба ёдам навҷавониро,
Ба мисли чашмаҳо ҷўшу хурўши зиндагониро,
Ҳама лутфу адоҳои ниҳониву аёниро,
Ба ёд орам баҳореро, ки ҳарду лола мечидем,
Ба ғайр аз рўйи ҳамдигар дигар чизе намедидем.
Ту тозон сўйи дар меомадию боз дар мешуд,
Дамиданҳои субҳ аз омаданҳои ту сар мешуд,
Намедонистам он рўзам чӣ сон рўзи дигар мешуд,
Рақиби айбҷў дигар ба ҳоли ман намехандид,
Муҳаббат дар вафодорӣ дигар маро намесанҷид.
Шукуфта дилбари озод чун гулдаста мегаштӣ,
Ба ҳар як тори мўят сад ҷавонро баста мегаштӣ,
Дилеро ёфта, дигар диле бишкаста мегаштӣ,
Намешуд ҳеҷ кас аз дидани ҳусну ҷамолат сер,
Ҳаё гардида буд аммо ба пойи ошиқон занҷир.
Туро бо туҳфаҳои комсомол табрик мекардам,
Таманно дар дил аз бахти зани тоҷик мекардам,
Худамро бо висолат сўхта наздик мекардам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё