Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рухат медидаму мерафт аз ёдам ҳама дардам,
Дигар ман ҳеҷ парво аз ғами дунё намекардам.

Ба ёд орам замонеро, ки ту хомўш ҳам будӣ,
Парешон дар паси деворҳо рўпўш ҳам будӣ,
Ғарибу бенавою кўҳи ғам дар дўш ҳам будӣ,
Намуда даст оташкобу мў ҷорўб дар хона,
Гила аз хештан мекардиву даъво зи бегона.

Даме ки аз миёни обу оташҳо гузар кардӣ,
Ба сўйи зиндагии нав далерона сафар кардӣ,
Ба ҳар як рўшноӣ ту ҳарисона назар кардӣ,
Зани зеботарину номдори Шарқ гардидӣ,
Азизи Тоҷикистон, ифтихори Шарқ гардидӣ.

Саломат бош, ҷоно, ки бақои умри ман ҳастӣ,
Насими навбаҳори пурсафои умри ман ҳастӣ,
Ту охир ибтидою интиҳои умри ман ҳастӣ,
Маро аз ту тамоми умр ёрои ҷудоӣ нест,
Ба ҷонат сад қасам, ки дар сириштам бевафоӣ нест.
1972

ЗАН АГАР ОТАШ НАМЕШУД

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Гар намедидем мо аз кўдакӣ оғўши гарм,
Аз муҳаббат бехабар ноком мемондем мо.

Гар ба чашми мо намедўшид модар шири хеш,
Кўри модарзод дар айём мемондем мо.

пешина
аз 143
навбатӣ