Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гар намеомўхтем аз зан раҳу расми адаб,
Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.

Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.

Гар каломи аввалин аз зан намеомўхтем,
Лаб фурў баста ҳама чун лом мемондем мо.

Оташи зан буд, ки мо сўхтему сохтем,
В-арна чун санги сари аҳром мемондем мо.
1973

ЗАН ПОСБОНИ ОТАШ АСТ

Зан ҳамеша рафт аз ҳамсояҳо оташ гирифт,
Аз дигарҳо бо тавалло, илтиҷо оташ гирифт,
Баски гўгирд он замон чун гавҳари ноёб буд,
Аз гадои кўчаю аз бенаво оташ гирифт.

Лахчаро мекард зан дар зери хокистар ниҳон,
То намонад беалав дигар танўру ошдон.
Дар танўр оташ агар гулхан шавад, рухсори зан,
Сурх мегардад чу кулча, ё ба мисли гарм нон.

Баски аз рўзи азал зан посбони оташ аст,
Посбони оташ асту хеш кони оташ аст.
З-ин сабаб бо зан агар гаштем ҳар вақте дучор,
Бингарӣ, сар то ба пайи мо ҷаҳони оташ аст.
1975

пешина
аз 143
навбатӣ