Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ЧАШМИ МАН

Чашми ман серӣ надорад аз тамошои замин,
Хоҳам аз мадди назар н-афтад ягон ҷойи замин.
Чашми ман хоҳад, ки бинад навбаҳорон бешумор,
Борҳо бинад шукуфтанҳои гулҳои замин.
Чашми ман маҳви ҷамолу ҳусни зан бошад мудом,
Беҳ зи ҳусни зан набошад ҳусни зебои замин.

Аз азал зан бо замин як гашт чун ду модарон,
Бўйи зан ояд машомамро аз ақсои замин.
Гар намешуд дасти зан, ҳусни замин пайдо набуд,
З-ин сабаб гўем занро маҳфилорои замин.
Ҳокимият гар ба дасти зан саросар мегузашт,
Мардҳоро бештар буд кайфи дунёи замин.
1975
ДУРАХШИ ҚУЛЛАҲО

Дар миёни кўҳсоронам, рафиқ!
Дар баландӣ ошён монам, рафиқ!
Бо ғизоли кўҳсорон ҳамсарам,
Бо уқобон менишинам, мепарам.
Мезанам паҳлу ба рўйи сангҳо,
Чашм медўзам ба зебо рангҳо.
Бешаи сабз аст ороми дилам,
Кўҳ девори баланди манзилам.
Офтоб аз Шарқ чун рахшон шавад,
Байрақи болои кўҳистон шавад.
Хостам дар кўҳҳо гардиш кунам,
Мисли оби рўдҳо варзиш кунам.
Гирам аз гесўйи ҳар як шаршара,
Аз суруди хеш пур созам дара.
Бишнавам аз кўҳ то акси садо,
Гўядам, шояд, ки «Фарзандам, биё!
Андаке мавзўъро тағйир кун,
Ин бузургии маро тасвир кун.
Қуллаи ман то дари афлок рафт,
Пайи ман бар мағз-мағзи хок рафт.
Дар ҳама рўйи ҷаҳон чизи дигар
Нест аз барфи сари ман тозатар.
Бигзарад тўфон чу аз паҳлуи ман,
Як сари мў хам нагардад мўйи ман.
Одамон ишқ аз Ватан омўхтанд,
Устувориро зи ман омўхтанд.
Бар сарам монанди қандил ахтарон
Шўълаборӣ мекунанд аз Каҳкашон.
Моҳи сунъӣ низ бо ахборҳо
Гашт аз гирди сари ман борҳо.
Доманам саҳрои ҳосилхез шуд,
Боғҳои хурраму гулрез шуд.

пешина
аз 143
навбатӣ