Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Шаҳрҳо монанди ман боло шуданд,
Бо мани сардарфалак ҳампо шуданд…»
Хостам поро ниҳам бар қуллае,
Пеш омад лек дигар қуллае.
Қуллаҳо аз ҳамдигар болотаранд,
Дар шукўҳи хеш дигар-дигаранд.
Ман ба худ гуфтам, ки ин даврони мо
Ҳаст айнан мисли кўҳистони мо.
Чун ба оянда сафар кардем мо,
Аз баландиҳо гузар кардем мо.
Мушкилиҳоро канор андохтем,
Олами бахту шарафро сохтем.
Боз дар пешанд пуршон қуллаҳо,
Ҳам бузургу ҳам дурахшон қуллаҳо.
Пеш рав, дар кўҳ гардиш кун, рафиқ!
Мисли рўди шўх варзиш кун, рафиқ!
Пеш рафтӣ, кор осон мешавад,
Қуллаи нав ҳам намоён мешавад.
1959
РЎДИ КЎҲӢ
Нишастам дар лаби дарёи кўҳӣ,
Ба худ ман ёфтам маъвои кўҳӣ.
Сараш бар санг мезад рўди кўҳӣ,
Ба доман чанг мезад рўди кўҳӣ.
Ба мисли шири навҷўшидае буд,
Палангу бабри хуннўшидае буд.
Дара аз ғурриши обаш садо дод,
Насимаш руҳро, ҷонро ғизо дод.
Нишастам дар канораш шеър гуфтам,
Ҳамеша аз насимаш табъ суфтам.
Бад-ў гуфтам, ки рўди равшанастӣ,
Муроду мақсади ҳар гулшанастӣ.
Дилат пурҷўш, рўят пурбор аст,
Ба ҳар ҷое, ки рафтӣ, навбаҳор аст.
Ҳавои боғу бўстон хуррам аз туст,
Замини Тоҷикистон хуррам аз туст.
Чароғи хонаи моро фурўзӣ,
Лаби чоки биёбонро ту дўзӣ.
Ту ваҳшӣ будию мо ром кардем,
Туро бо коммунизм инъом кардем.
1959

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё