Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Меравад рўзу шаб бад-ин минвол
Ин хариду фурўши ҷоҳу ҷалол,
Аз канори халиҷи баҳри Араб
То ба он сўйи баҳрҳо ҳар шаб,
Киштиҳо мераванду меоянд,
Ҳеҷ аз рафтуо наёсоянд.
Баҳр мешўраду намедонад,
Ки чӣ гуна таронае хонад.
Мевазад бод кўр-кўрона
Ҳам сўйи дўст, ҳам ба бегона.
Зистан мурда- мурда дар олам
Чӣ қадар мушкил аст бар одам…
Дар ҷаҳон насли одам одамвор
Зиндагӣ мекунад фақат як бор.
Гар нахандад ба рўйи ту ватанат,
Гар напошад гул аз сарат чаманат,
Гар надонӣ фароғати меҳнат,
Лаззати обу нони беминнат,
Гар надонӣ, ки савти булбул чист,
Рангу бўйи шукуфтани гул чист,
Гар надонӣ, кӣ мекашад нозат,
Ба кӣ таъсир дорад овозат,
Гар надонӣ, ки ёвари ту кист,
Чун граждан ҳуқуқҳои ту чист,
Кас нагўяд, ки комронӣ кард,
Зиндае буду зиндагонӣ кард…
Ман, ки ҳастам граждани СССР,
Узви хушбахти хонадони кабир,
Тобеи давлати ҳақиқатдўст,
Адлҷўянда то ба хуну пўст –
Дида рўзи сиёҳи ҳиндуро
Сўхтам ман ниҳон зи сар то по…
Ватанам, кишварам ба ёд омад,
Ёди дунёи халқи шод омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё