Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз дидам манораҳои Кремл,
Нурафшон ситораҳои Кремл.
Ман шунидам садои соати он,
Хондани Гимни пуршаҳомати он.
Ман бидидам, ки гирди раҳнамо
Гирд биншаста халқҳои мо
Менамоянд дар дили Маскав
Маслиҳат аз вазифаҳои нав.
Дар миёни бародарон хандон
Як нафар аз вакили тоҷикон
Мерасонад бузург хоҳиши халқ
Чун депутат ҳамаи хоҳиши халқ.
Аз дили халқ ҳар чӣ меояд,
Давлати мо ҳамон бифармояд.


Лек дидам чӣ гуна дар Бамбай
Маслиҳат мекунанд пай дар пай.
Байни савдогарони вискинўш
Меравад рўзу шаб хариду фурўш.
Ҳиндуи побараҳна дар паси дар
Мекунад пурғазаб ситода назар.
Ў ҷавобан ба ин хариду фурўш
Кард овози чархҳо хомўш.
Зиндагӣ бозмонд аз ҳаракат,
Мухтасар гум шуд аз замин баракат.
Гуфт: – «Ин аст зўри коргарӣ,
Дар раҳи бахт ҷаҳди ранҷбарӣ.
Косаи сабри мо, ки лабрез аст,
Ғазаби мо чу теғи дамтез аст.
То кай овози мо надорад асар
То ба кай мо ғуломи фармонбар?
Дар лаби ҷўю ташнаи обем,
Ёр дар хонаю намеёбем».

пешина
аз 143
навбатӣ