Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Ҳама деҳқону фарзанди заминанд,
Валекин дар замин ҷое надоранд,
Барои зистан дар рўйи дунё
Тамоми умр маъвое надоранд.
Ба шаҳр оянд агар, дар ҳеҷ шаҳре
Ба рўйи худ дари бозе набинанд;
Ба ғайр аз толеи пасту сари сахт
Дигар ёрею дамсозе набинанд.
Замин сахту баланд аст осмон ҳам
Тамоми шаб ситора мешумуранд;
Ба ғайр аз хорию зорӣ кашидан
Дигар гўё илоҷе ҳам надоранд.
Дар ин ҳангом дасти пуртавоне
Гирифта аз бағал бардорад аз хок,
Бигўяд «Одамӣ ту, қадри худ дон,
Дигар маншин парешон бар сари хок!
Ба ин рўзи сиёҳи мардуми Ҳинд
Надоранд обу хоки мо гуноҳе,
Агар хоҳӣ, ки бахти хеш ёбӣ,
Қадам неҳ бо адолатхоҳ роҳе.
Ба коми хеш кун кори ҷаҳонро,
Фазорову заминрову замонро.
Нахоҳӣ кард он дам орзуи
Саодатмандии парандагонро ».
1948
ҚАДАҲИ МАН
Дидани ғоратшуда Ҳиндустон–
Ҳолати тоқатшикани ҳиндуён,
Дидани як тўдаи бедарду ғам–
Мардуми бегона зи лутфу карам,
Дидани бечора гадоёни роҳ–
Мурдани сад марду зани бегуноҳ,
Дидани бегонаи шайтонҳунар,
Аз паси шайтонии худ судвар,
Дидани майдони бародаркушӣ,–
Сохтан аз хуни касон дилхушӣ,
Дидани як сў ҳама вайронаҳо,
Сўйи дигар серқабат хонаҳо,
Дар дили мо кўҳсифат зам шуданд–
Кўҳи бузурги аламу ғам шуданд.
Манзараи боғу чаманҳои хуб,
Софу кабудии самои ҷануб,
Болу пари қомати нахли кабуд,
Бешаи беқадду бари хушнамуд,
Гардиши шаббодаи дарёи Ҳинд,
Шуълаи моҳи нави шабҳои Ҳинд,
Хотири моро нанамуданд шод,
Мо ватани хеш намудем ёд.
Ёд намудем насими Ҳисор,
Алмаато – мамлакати себзор,
Ёд намудем канори Хазар,
Водии Фарғонаи шаккарсамар,
Қуллаи Помир, яхи Элбрус,
Волга – ҳамон модари дарёи рус.
Ёд намудем рафиқони худ,
Халқи пур аз меҳнати шоёни худ.
Кист дар ин гуна дами пурмалол
Суҳбати ёрон нанамояд хаёл,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё