Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кист нахоҳад дами беғам занад,
Лашкари ғам яксара барҳам занад?
Кай равад аз хотиру аз ёди ман
Суҳбати як оилаи ҳамватан.
Монда ба мағзи дилу ҷонам ниҳон
Вохўрии якшаба бо дўстон.
Вохўрии якшабаи дури мо
Кард сабуктар алами зўри мо.
Боғчае дар дили Калкатта буд,
Шаъну шараф ёфта аз аҳли худ.
Чанд тан аз халқи дусад миллион
Карда ба худ боғчаеро макон,
Қарзи граждонӣ адо мекунанд,
Бар Ватану халқ вафо мекунанд.
Монда агарчи зи Ватан дур чанд,
Бо Ватан аммо нафаси худ кашанд.
Кай равад аз хотиру аз ёди ман
Суҳбати як оилаи ҳамватан?
Буд дар он боғчае хурду танг
Ҳусни табиат ҳама хушобу ранг,
Ҳусни табиат ҳама ҳиндуӣ буд,
Бод фишонандаи ҳушбўӣ буд.
Боз ҳамон палмаи товуспаре,
Чатр ба сар қомати сарви таре,
Боз ҳамон ҷилвае найзорҳо,
Найшакару хубии гулзорҳо.
Боз ҳамон бозии санҷобҳо,
Варзиши ҳаррўза зулол обҳо,
Боз ҳамон маймуни рўсўхта,
Кирми чу гавҳар ба шаб афрўхта,
Боз ҳамон моҳу ҳамон осмон,
Боз ҳамон зинати Ҳиндустон
Буд, вале одами он ҷо дигар,
Тарзи суханронии онҳо дигар.
Одати инсонию қонун дигар,

пешина
аз 143
навбатӣ