Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лек майор тезу тунд давид,
Монеи роҳи пири мо гардид.
Рў ба рў омаданд як муддат
Субҳи пурнуру шоми пурзулмат…
Ба чунин расм пир ҳайрон монд,
Ақлошуфтаю ҳаросон монд.
Бод мебурд чун кулоҳашро,
Ў намеканд аз он нигоҳашро.
Ба ҳаво буд кулоҳ дар парвоз,
Ҷониби он майор дар таку тоз.
Лаҳзае рафту соате бигзашт,
На кулаҳҷўю на кулаҳ баргашт.
Мо нишастем оқибат ба машин,
Буд аммо рафиқи мо ғамгин.
Ғусса мехўрд, ки шамоли шум
Ногаҳон кардаш аз кулаҳ маҳрум.
Сад қадам дуртар аз аэродром
Шуд ба назди даре машин ором.
Якшаба хобгоҳи мо он буд,
Ки пиёда равем ҳам мешуд.
Лек майор бадгумонӣ кард,
Ҳилаю кўшиши ниҳонӣ кард,
То ки меҳмонҳо «гунаҳ» накунанд,
Гирду атрофҳо нигаҳ накунанд,
То набинанд сирру асроре,
Нагузоранд аз худ осоре.


Ман бихуфтам ба рўйи дивани хурд,
Хоби ошуфтапир ҳеҷ набурд.
Бо умеде қадамзанон он мард
Чашми худро ба сўйи дар мекард.
Шояд ин ки кулоҳи бодсавор
Аз сафар бозгардад охири кор.
Кўфт ногаҳ касе дари моро,
Аз паси он майор шуд пайдо,
Узрхоҳӣ намуда дод кулоҳ,
Кард таъзиму рафт пас, он гоҳ.
Мисли гул Ахвледиани шукуфт,
Тифлсон ханда карду ҳеҷ нагуфт.
Гуфтам:– «Эй дўстам, кулоҳи шумо
Дид, он чи ки ниҳон буд аз мо.
Ҳайф, медошт гар кулоҳ забон
Сафарашро ҳикоя мекард он»
– Метавонед, эй рафиқони азиз,
Набаред бар кулаҳ ҳасад ҳаргиз,
Ман муфассал шунидаам кайҳо
Сирру асрори ин ҷазоирро.
Метавонам, ки ман баён бикунам
Қиссаҳои халиҷи Форс ин дам.
Аз забони кулоҳ олими мо
Кард оғоз ин ҳикоятро:
«Чун нишастам ба рўйи аспи шамол
Пеш омад маро аҷаб иқбол:
Ҳар тараф лашкаре фузун дидам,
Тўпу тайёраҳои ғун дидам.
Дидам анвои киштии вазнин,
Сангару қалъаҳои пўлодин,

пешина
аз 143
навбатӣ