Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Кулоҳи профессор
Ахвледиани
Суҳбате буд дар фазои Ҷануб
Бо рафиқону дўстони хуб.
Суҳбат аз ҳикмати забон мерафт,
Аз фазою ситорагон мерафт.
Васф мекард нуктадон шоир
Шафақи офтоби оламгир.
Олиме буд дар миёни мо
Улфати хуби беҳ зи ҷони мо–
Профессор Ахвледиани ном
Соҳиби фазлу устоди калом.
Пирамарди забоншиносе буд,
Луғати зиндаи Ғиёсе буд!
Суҳбат аз ҳарфи хеш меҷўшонд,
Ба сухан тоза ҷома мепўшонд.
Гаҳ сухан аз санскрит меронд,
Гоҳ шеъре ба тоҷикӣ мехонд!
Гоҳ аз Шарқ ҳикмате мегуфт,
Мухтасар он дури сухан месуфт.
Бо чунин шавқ аз Грузия он,
Кард рўзе сафар ба Ҳиндустон.
Офтоби Ҷануб сўзон буд,
Боди чўли Ироқ тафсон буд.
Рўз мерафту шаб қарин мешуд,
Фикри мо, ёди мо замин мешуд.
Зери по шуд халиҷи Форс падид,
Рўйи сар – осмони бехуршед.
Менамуд аз паси сиёҳии шом,
Регзорони соҳили Ором,
Регзори ҷанубии Эрон–
Манзари тираи Балуҷистон,
Менамуданд хол-хол сиёҳ
Рўйи дарё ҷазираҳо ба нигоҳ.
Мурғи мо боли хешро ба замин
Кард во дар ҷазоири Баҳрин,
Зада фарёд чун гурусна шағол.
Кард моро шамол истиқбол.
Рехт он регу хок аз сари мо,
Чангҳо зад ба доману бари мо.
Чанд сарбози англисӣ ҳам
Сўйи мо омаданд маршқадам.
Пеши саф истода майоре,
Мўйлабзард марди айёре.
Менамуд аз раҳи риёкорӣ
Ў адо расми меҳмондорӣ.
Буд пайдо, ки бо қиёфаи сард
Зери лаб заҳрхандае мекард.
Шуд ба ҳукму ишорати майор
Рўйбаста машинае тайёр.
Хост майор, ки барад пинҳон
Ҷониби хобгоҳ меҳмонон,
Бурд ин дам шамол сўйи ҳаво
Кулаҳи Ахвледианиро.
Профессори мо парешон шуд,
Аз қафои кулаҳ шитобон шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё