Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

З-ў дар Эрон зулми нав эҷод шуд,
Дори нав, зиндони нав бунёд шуд.
Дидаам дар шаҳри Теҳрон манзаре,
Манзари пурдаҳшату марговаре.
Тўпхона ном майдоне дар он
Қатлгоҳе гашта бар номоварон.
Сулҳҷўёнро ба он майдон баранд,
Гардад аз зери замин доре баланд.
Муддате чун бигзарад, гардад ниҳон
Дор бо он ҷисми қурбонгаштагон.
Мепаридем аз ҷануб, аз роҳи дур
Рў ба сўйи кишвари иқболу нур.
Роҳи дунёи куҳан мешуд тамом,
Роҳи нав медод сўйи мо салом –
Роҳи равшан мисли субҳи пурсафо,
Роҳи сидқу дўстии халқҳо,
Роҳи азми оҳанин, роҳи субот,
Роҳи инсонпарварӣ, роҳи ҳаёт,
Роҳи фикри болшевики номдор,
Роҳи халқи аъзами пуриқтидор.
Меравад ин роҳ пинҳону аён
То ба дилҳои ҳама халқи ҷаҳон.
Меравад он бо қадамҳои азим
То ба Ню-Йорку ба Лондону ба Рим.
Қувваи он зўртар аз доллар аст,
Зўртар аз банкҳои пурзар аст,
Зўртар аз душманони роҳи мост,
Зўртар аз Маршалу атомҳост.
Меравад он бо ливои ленинизм,
Сўйи тобон қуллаҳои коммунизм.
Аз барои халқҳо – навъи башар
Нест ҳаргиз ғайри он роҳи дигар!

1948

пешина
аз 143
навбатӣ