Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

ҲАСАНИ АРОБАКАШ
Ин асари худро ба иди бошарафи 25-солагии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мебахшам.
Муаллиф
1 Пўшт, машкоб! Бохабар, мардум!
Ба қафоят нигоҳ кун, нонвой!
Ҳой, ҳезумфурўши варзобӣ,
Хари худро каш аз даруни лой!
Бо чунин дўғу валвала омад
Ҳасани ошно аробасавор,
Одамонро ба ду тараф ронда,
Мегузашт аз миёнаи бозор.
Мегузашт аз даруни обу гил,
Аз бари чойхонаю дуккон,
Аз таги бомгўшаҳои паст,
Аз раҳи танг – кўчаи вайрон.
Мекашонид санги дарёро
Аз барои кадом деворе,
Хонае, кўчае, саройи наве,
Ё барои дигар ягон коре.
Асп – зотӣ, ароба қўқандӣ,
Баста зангўлаҳо ба гардани асп…
Шўру ҳангомаро Ҳасан доим
Дўст медошт аз паси ин касб.
Дар ҳамон солҳо Душанбеи мо
Деҳаи хурди камаҳолӣ буд,
Аз тамоми нишонаҳои ҳаёт
Солҳои зиёд холӣ буд.
Деҳаи ҷабру зулмдидаи халқ
Дашти беоб, чўли бирён дошт,
Ба сараш фаслҳои тобистон
Шўълаи офтоби сўзон дошт.
Тоқа-тоқа чанорҳои сабз
Хизмати одилона мекарданд,
Ҷониби мо насими форамро
Гоҳ-гоҳе равона мекарданд.
Кас дар он солҳои пурташвиш
Дами оромро намедонист,
Рафтани рўзрову омадани
Пурхатар шомро намедонист.
Менамуданд душманони шадид
Давлати навасосро таҳдид,
Халқи моро фиреб медоданд
Шайхҳо дар мазор, дар масҷид.
Коммунистон яроқу хома ба даст
Мамлакатро идора мекарданд,
Ба ҳама корҳои камбағалон
Бо муҳаббат назора мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё