Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба сари кас насими форами шаб
Гули саҳрову кўҳро резад,
Аз набототи дашту домани кўҳ
Нолаи чирчирак ба по хезад.

Дар чунин шаб дарахтҳо гиранд
Нафаси тоза аз ҳавои ором.
Пой мемонд мунтазам дар роҳ
Асп бо ғиҷҷаси ароба мудом.

Мегузаштем аз даруни дара
Аз миёни васеъ найзоре,
Аз сари оби рўдҳои шўх,
Аз ҷару санглохи бисёре.

Кўҳ аз пушти кўҳ меомад,
Рўд аз пушти рўд пай дар ҳам,
Теппа аз пушти теппа саф дар саф,
Роҳ аз пушти роҳ хам дар хам.

Рўди Варзоб дур шуд аз мо,
Ғоиб аз чашмҳо Харангон шуд,
Қалъаи зулм дар Ҳисори қадим
Бо сафедии маҳ намоён шуд.

Ёд дорам, ки ба наздикӣ
Пеш карданд ҳокими онро,
Халқ афрохт бар сари қалъа
Байрақи сурхи шўълаафшонро.
Ёд дорам, ки ман ба наздикӣ
Дар ҳамин раҳ фитода мерафтам,
Аз Қаратоғ то ба Душанбе
Побараҳна, пиёда мерафтам.

Пинакӣ рафта буд Иван Кузмич,
Хўрд чархи чапи ароба ба санг,
Кард як қад парида мўйсафед,
Бо насиҳат аробакашро ҷанг.

– Ин Ҳисор аст,– гуфт Иван Кузмич,
Манбаи ботлоқ, ҷойи таб аст,
Солҳо боз мардум аз ин дард
Муттасил дар азобу ҷон ба лаб аст.

Ғайри таб дардҳои дигар ҳам
Бешуморанд дар миёни халқ,
Бояд акнун раҳо кунем аз дард
Тезтар чора ҷуста ҷони халқ.

Рафта дар Масква ҳикоя кунам
Ҳамаи дардрову дармонро,
То ки таъмин кунанд аз доктор,
Аз шифохона Тоҷикистонро.

Гарчи кам мондааст умри ман
Умри табларза камтар аст аз он.
Ману таб ҳарду дар муборизаем,
Ҳарду дар ҷабҳаем, дар майдон.

пешина
аз 143
навбатӣ