Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўзе аз рўзҳо ба дасти мо
Аз ҳукумат расид ҳуҷҷати роҳ.
Ҷониби Тошканд мерафтем
Илмҷў, фанталаб, саодатхоҳ.

Ба Ҳасан мо муроҷиат кардем,
То ба Тирмиз бо ароба барад,
Бурда моро сиҳат - саломат ў
То ба кондуктори вагон супурад.

Ҳасан аз нисфи рўз то бегоҳ
Гашт бо аспи хеш овора,–
Шуст, ҷорўб кард, нағз хўронд
Бедаву коҳу ҷав – ду- себора.

Ҳасан аз нисфи рўз то бегоҳ
Кард аз меҳр аспро зилу бом,
Корҳои зарурии худро
То дами гашти рўз дод анҷом.

Се нафар дар ароба биншаста
Сафари дурро нишон кардем,
Аспи овозадорро акнун
Дар раҳи дур имтиҳон кардем.

Буд ҳамроҳ дар сафар бо мо
Доктори меҳрубон Иван Кузмич,
Якта портфел, кампали мўин
Дошт дар дасти хеш, дигар ҳеч.
Нарм кардем мо таги онро
Бо хасу бо пахол, бо кампал,
Ҷой додем дар аробаи худ
Ба куҳансол доктор аввал.

Мегузашт аз миёни кўчаи танг
Зада зангўларо аробаи мо,
Дар сари бомҳои Душанбе
Шуд тамошои одамон барпо.

Аз лаби бомгўшае мекард
Ба Ҳасан духтаре ҳамеша нигоҳ.
Ба ҷавони аробакаш медод
Гўиё аз нигоҳ тўшаи роҳ.

Лаб-лаби бом омад он тозон
Гул ба тори сари Ҳасан афшонд,
Пайкари мисли кўҳ сангинро
Гули нозук бубин чӣ сон ларзонд.

Як нигаҳ кард сўйи бом Ҳасан,
Гуфт:– Ин ҳосили шаби тўй аст,
Ин ҳамон шўхчашми ширинкор,
Ин ҳамон дўстрўйи дилҷўй аст.


Ҳама шабҳои фасли тобистон
Ба сафаркардагон фараҳноканд,
Аспҳо, одамон дар ин сон шаб
Нафасозоду чусту чолоканд.

пешина
аз 143
навбатӣ