Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай дарун-дарун сӯхта, ҷои нишаст намеёфт. Чӣ кор кунад? Аз кӣ мадад хоҳад? Ҳеҷ кас ба додаш намерасад, модар ҳам, сухани мегуфтааш «Қӯшапир шавед, духтарам, ба ҷои муносиб афтодӣ, дар кадом лаби обе Худо гуфта будаӣ, ки ба мурод мерасӣ, хушбахт мешавӣ, духтарам».
– Гуфтам-ку, очаҷон, шавҳар намекунам, намехоҳам.
– Давлатмона пеши по назан, духтарам, инҳо дӯстони дадат, боз вазифааш баланд мешавад.
– Мана падарам бо вазифа алиш мекунад?
– Нагӯй ин гапҳоро, шунаванд аз савдо мемонӣ.
– Савдо нагӯед, оча, ман мол нестам, ман одамам, ба кӣ шавҳар карданма худам медонам, ба як бачаи камбағал.
– Оҳ, духтарам, ту ҳоли ҳамин хел рӯй баровардаӣ? Шарм намедорӣ?
– Мана насӯзонед, оча, пушаймон мешавед, оча!
– Дадаш, – шавҳарро ҷеғ зад модар, – мешунавед ин духтаратон чиҳо мегӯяд?
– Дамашро гирон, вайро соҳиб шав, мекушам. – Падар аз ҷой бархост.
Рӯз гузашту шаб наздик меомад, Мӯниса бетоқаттар мешуд. Дар ҳарос, ки маъракаи иҷоб наздик меояд, баъд ҷои ӯ таги чодар, паҳлуи домод. Мехост то он лаҳза имкон ёбаду боз як бори дигар назди Фахрӣ равад, хотиррасон намояд, ки хоҳиши ӯро ба ҷо меорад, мегурезад, хонаи онҳо меояд. Паспаси дару деворҳо роҳ ёфт, роҳ гирифт ба хонаи Фахрӣ. Саросема, бо дили пурҳарос, як чашм ба пешу як чашм ба ақиб, дар таги дарвозахона гапи мегуфтаашро ба Фахрӣ гуфт.
– Гурезам? Хонатон биоям? Гап зан, Фахрӣ, хонатон биоям ё не? Қасам хӯрда будӣ, қавл дода будӣ. – Мӯниса роҳакӣ шуда боз аз Фахрӣ пурсид.
– Биё, гуфтам, биё, – Фахрӣ ҷавоб гардонду дар бало монд.
«Гурез, ба хонаамон биё!» гуфтани Фахриро падар шунида будааст, истинтоқи ӯ сар шуд.
– Кӣ буд ин духтар?
– Мӯниса.
– Мӯнисаи духтари вазир, ки ҳоло тӯяш сар шудааст?

пешина
аз 234
навбатӣ