Ишқи сархӯр

– Ҳа, ҳамон, худаш омад.
– Чӣ гуфта омад?
– Мегурезам, хонаатон меоям гуфт.
– Шунидам, ин гапҳоро, худозада. Ту ба вай, ба духтари тӯй шудагӣ, иҷоб шудагӣ, гуфтӣ, ки гурезад, хонаи мо ояд?
– Ҳа, дада, мо бо ҳам ҳамин хел аҳду паймон кардаем, бовар кунед, вайро нағз мебинам.
– Нагӯ ин гапа, забонта мебурам, мо куҷою духтари вазир куҷо, ҳар кас ба вор-вори худаш, ҳар кас поша чени курпаи худаш дароз мекунад. Барои як халта орд роҳи мо банд, роҳрӯб ҳастам, боз ту гируми духтари вазир, фаҳманд ҳеҷ кас не акаҳои ин духтар туро мекушанд, хунгирифтаанд, ба болои одам мошин ҳай мекунанд, намедонӣ?
– Шӯхӣ кардам дада, вай духтар худаш хонатон меоям гуфт.
– Рост, ки духтар дар шаби тӯяш гурехта хонаи мо меояд?
– Ҳа, дада, меояд, худам «биё», гуфтам, айби худам.
– Оҳ, бачам, худозада бачам, мегӯӣ, ки ҳозир духтар гурехта хонаи мо меояд? Баъд ту чӣ кор мекунӣ? Вая куҷо мебарӣ? Пинҳон карда метавонӣ?
– Намедонам.
– Ман медонам, дар пушти ману ту – отаю бача чӯб мезананд, ҳардумонро зада-зада пешандоз назди мардум мебаранд. Ту тоқати ба рӯи одамон нигоҳ кардан дорӣ, ту ҳоло заҳри итоби мардумро начашидаӣ, таомулҳоро намедонӣ. Ле-
1 кин ман дигар ба рӯи ҳишкӣ28F нигоҳ карда наметавонам.
Шармандагӣ барои як одами байни маърака, барои вазир, ки дигар сар бардошта наметавонад, шармандагӣ ба қудоҳо, ба аҳли маҳал, ба ману ту, ба аҳлу авлодамон, бандаҳои муъмин бо ҳазор орзую умед тӯй кардаанд, дастархони мурод кушодаанд, базму тамошо оростаанд, ҳазорҳо-ҳазор доллару сомонӣ ба харҷ додаанд, ҳамааш барбод, ҳамааш аз дасти ту.
Медонӣ ба ту чӣ мекунанд? Ба ҳурмати Худо нафас накашидаӣ, ки лах-лах, пора-пора мешавӣ. Намедонам ту чӣ бача, чӣ балое рӯидӣ, номбадӣ. Ба ҳамин духтарҳои бечора ҳайронам,
1 Ҳеҷ кас ки кадом ҷиҳатата дида саломи туя алайк мегиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё