Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Силоҳбадастони беҳисобе гирду пеши ҳавлӣ метофтанд. Барзуро дид, рӯ ба рӯ меистод.
– Чӣ гап? Бахайр, Барзу?
– Ба сарат омадем.
– Ба сари ман?
– Ҳа, ба сари ту, одами ҳукуматиҳо! Пешкаш кардӣ вай қанчиқатро ба ҳукуматиҳо? Гӯсфанд куштӣ, тӯй додӣ, моро фурӯхтӣ?!
– Астағфируллоҳ гӯй, Барзу… Туҳмат назан, гапи ноҳақ нагӯй, дину шариатро аз хотир набарор.
– Ту ба мо боз панд мегӯӣ? Аз гӯру қиёмат ёд мекунӣ?
Амри маъруф мехонӣ? Ту кофирӣ, эмонта фурӯхта, аз мо, аз халқ ҷудо шудӣ. Ҳукми ту акнун дар ихтиёри ман! Туро мекушам, вай қанчиқатро чордарон мекунам. Духтаратро ҷеғ зан, занатро ҷеғ зан! Ман ба онҳо дар пеши назарат чӣ карданамро худам медонам. Духтаратро бароварда мебарам, ту, ту занат қати ҳамин ҷо қатл мешавӣ. Фаҳмидӣ, домулло, чӣ гуфтам, намешунавӣ… Ҳабиб, Рашид! – чанди дигар ҳамроҳонашро ҷеғ зад. – Дароед, зану духтарашро бароварда биёред, хонаашро тала кунед, то мехҳои танаи деворҳояшро канед!
Аз пайи иҷрои фармон шавед, гузаред! – дод мезад дар дами дарвоза Барзу, талотум андохта, ба ақидаи худаш замину замонро меларзонд… Автоматро ба синаи домулло, марди мӯйсафед, рост кард. – Шунидӣ, пирхар, чӣ гуфтам? Ту бо одамаш бозӣ кардӣ, хато кардӣ. Мекушам, – гуфт ва бо кундоқи автомат ба синаи ӯ зад. Мӯйсафед як ба ақиб рафт, қариб меафтод ва боз ба по истод:
– Ту оқипадарӣ, Барзу. Падар аз ту рӯй гардонд. Имрӯз вай пеши ман омада буд, оҳу нолааш аз барои ту ба осмон, боз ман вайро насиҳат кардам. Лекин ту ба насиҳат намеарзӣ. Ту сагвор мемурӣ. Ба номи Худо, кӯру кӯҳрӣ, радди маърака мешавӣ. Одамон, рафиқонаш, фаҳмед, аз хотир набароред, ки ин одам чӣ хел мемурад, чӣ рӯзе ба сараш меояд…
Садои тир танин андохт дар ҳавлии эшони Саидҷалолхон, Барзу дигар тобу тоқати шунидани суханҳои эшон накарда, ба сина, ба сар то пои вай аз автомат тир андохт.

пешина
аз 234
навбатӣ