Ишқи сархӯр

Фармояд, аз ҷар мепарид.
– Ана, гап дар куҷо? Хабар додӣ? Ту? Ту?! Мекушемат!
Чордарон! Чордарон!! – фарёд зад Шарифи Ҷарпар Маликаро дида. Суханаш дар забон монд, қундоқи автомат ба сараш расид, афтод, хезондандаш. Аз нигоҳи оташбори ӯ ва ҳамроҳони вай Малика наҳаросид. Аз дидани ин манзара, чи хеле мегӯянд, як гӯшаи дилаш кушода гашт, хуб кард, ки омад, хабар дод.
Ҳамон рӯз дар гӯристони деҳаи Лолазор дар баробари мадфани эшони Саидҷалолхон даҳ гӯри тоза-гӯрҳои силоҳбадастон пайдо шуд. Дар гӯристони деҳаи Сангрези Барзу ҳам аз ин зиёд гӯр канда буданд. Худи ӯ гурехта дар тарқиши кадом як санг, обкандае панаҳ ёфтааст. Малика дар ивази марги падар ба онҳо бештар талафот оварда. Ва аз худ гаштаю баргашта мепурсида, ки чаро ва боз чаро худи Барзу нобуд нашуда?! Тани мор маҷақ шудаю сари он монда. Ӯ зиёдтар хашмин ва заҳрогин гашта, ин мор ба Малика хундор.
Аз шунид ва гуфти аскарони дар он бархӯрди шабина бо дастаи Барзу иштирокдошта, чанд аз ҳукуматиҳо ҳам кушта шудаанд. Тобутҳо дар пешгоҳи бинои Қасри фарҳанг. Ва он рӯз рӯзи ҷанозаи қиблагоҳи Малика буда, мардуми беҳисобе ҷамъ омада. Тобути эшон ба ҳаво, даст ба даст мерафта.
Дар ҳамин солҳои наздик дар ин маҳалҳо чунин ҷанозаи серодам ва пурсӯзу гудоз нашуда. Ва афсӯс маслиҳат шуда, ки Малика ба ин наздикиҳо ба деҳа наравад. Ба ноомади зиндагии минбаъдаи вай Шарифи Ҷарпар аз асирӣ раҳо хӯрда, гурехта.
Малика баъди ҳамон рӯзи дар қароргоҳи аскарон будан дигар дар ин ҷо истодан нахост. Медид, ки миёни силоҳбадастони ҳукуматӣ низ на ҳама мисли қумандонашон буданд.
Чашмҳо беҷо, гапу ҳарфҳо хунук, ба мисле ки силоҳдорони Барзуро ӯ медида. Хуб гуфтаанд, силоҳбадастҳо ҳама қарибе аз як хок, автомат дар китф ки шуданд, на худ ва на Худоро мешиносанд. Аз қумандон-акахондаш, ки ба ӯ бародарвор меҳрубон буд, иҷоза хоста. Ҷои зисташ дар Душанбе, боз хонаи ҳамон устоди азизу меҳрубон Абдусаттор Раҳимзода. Аз вазъи деҳ ва ҳоли модар хабардор шуда меистод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё