Ишқи сархӯр

Дар деҳа аскарони ҳукуматӣ набошанд ҳам чандин ҳафтаю рӯзҳо аз силоҳбадастони Барзу дарак набуда, дар кӯҳ будаанд. Инчунин, мешунид, ки модараш бемор, вале таъйини бартаъйин мекард, ки Малика ба деҳ наояд, наояд. Аммо дили Маликаро ба гуфтае гургҳо тала мекарданд. «Ин чӣ гап? Ин чӣ бедодӣ?», ки ба ҷанозаи падар рафта натавонист, чӣ бедодӣ, ки модарашро намебинад, дар ҳоли вазнинаш даст ба сари ӯ гузошта, ба вай об дода наметавонад, Худо накунад, ки боз бо модар ҳам рӯи нодид шавад. Худоё, Худовандо, чӣ рӯзе бар сари ӯ омада? Ба худ менолид, месӯхт. Ва ҳар рӯз чашмаш ба роҳ, муштоқе, ки дар Душанбе як ҳамсоя, ҳамдеҳаро бубинад.
Дар ҷустуҷӯ мешуд онҳоро, гоҳе пайдо мекард. Аз вазъи бад шудани ҳоли модар хабар ёфт. Ва ниҳоят хабар оварданд, ки модараш аз олам гузашта, дар дами марг Маликаро суроғ карда, «канӣ духтарам, канӣ Малика?» гуфта. Ва бахуду бехудона гапҳое гуфта, ки дилҳо об, ҷигарҳо реш гашта. Маликаро дигар ҷои андеша, истиҳола намонда. Аз чӣ ҳаросад?
Аз ҷон?!
Дигар чӣ лозим зиндагӣ ба ӯ? Аз модар монд, падар надорад. Ӯро ҳам кушанд, кушанд. Ноинсофӣ, кофирию бедиёнатӣ ба ҳадде расида, ҳадди охир… Ҳамин хел рӯзу рӯзгор омада, як Барзу чӣ, ки бихоҳад, ҳамон бикунад дар ҳаққи одамон! Ӯ ба муаллим Абдусаттор ва зану фарзандони вай ҳарфе нагуфта, аз дар баромад. Ба сар рӯймолча баст, ҳамон рӯймолчаи тагсабзи гулдор.
Муаллим ва аҳли хонаводаи ӯ бубахшанд Маликаро. Дигар насиҳат шунидан, «ба деҳа нарав» гуфта, ӯро аз роҳ заданашон ба вай намефорад, ҳамеша гап зада-гап зада вайро моил мекунонанд, ки аз раъйаш гардад, хаёли деҳ рафтан накунад.
Аммо имрӯз қатъиян онҳоро шунидан намехоҳад. Намехоҳад, ба ӯ гӯшдарояк шаванд. Имрӯз ҷанозаи модар… Ба мошини бачаи Сӯфигадо, ки барои бурданаш омада буд, нишаст.
Ӯ аз дарвоза чӣ навъ фиғоне андохта, додувойгӯён вориди ҳавлии падар шуданашро намедонист, гоҳо «вой, дадаҷон!», гоҳ «очаҷон!» гуфта бому дари хонаро ба сар мебардошт.
Гӯяндагӣ мекард, ба дилу ҷигари мардум алам меандохт, сангу чӯб гӯё ба гиря омада.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё