Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Малика, – овози Содирхонро шунид. Аз пагоҳӣ ӯ чандин бор аст занг мезанад. Вай дар Ленинград аз Малика пештар аз марги холааш хабар ёфта. Ӯ ба хотири Малика ҳамроҳи вай ба хондан меравам гуфта буд. Дар асл нақшаҳояш дигар буданд. Муаллимӣ не, ягон касб омӯхта, баъди соҳибмаълумот шудани Малика бо ӯ оила барпо карданӣ буд. Дар омӯзишгоҳи тиббӣ хонд. Баъд ба ҳамин Барзу некӣ мекунам гуфта, қарибе аз даст рафта буд. Ҳамааш аз барои Барзу.
Содирхон дар идораи ҷамоат кор мекард. Котиби шӯрои ҷамоа. Ба ӯ фармоиш шуда буд, ки хона ба хона гашта андоз ғун биорад. Рӯзҳо ноором, пурхатар. Роҳу рӯ пур аз силоҳдорон. Ҷон ба ӯ ҳам азиз. Вале ғун овардани андоз зарур. Хазинаи ҷамоа холӣ. Нафақахӯрон, духтурҳо, модарони серфарзанд моҳона намегирифтанд. Содирхон дафтаре зери бағал аз субҳдам дар ба дари хонаҳо мегашт, варақаи андоз медод, пул мегирифт. Ва ҳангоме аз назди мағоза мегузашт, мошини сабукрави тамғааш хориҷие пайдо шуд, рангаш сиёҳ, шишаҳояш сиёҳ, салобат, воҳимае дошт. Чанд нафар одамоне, ки дар роҳ буданд, онро дида, ба паси дару деворҳо ва дарахтон гузаштанд. Мошин дуртар аз Содирхон истод. Дарҳояш боз гаштанд, роҳгузареро, ки ба назарашон тофта буд, ҷонибашон хонданд. Мард саросема шуд, рӯ ба гурез ниҳод.
– Ист, ҳой, мардак, ба ту мегӯем, ист, ин тараф биё! – фарёд заданд силоҳбадастон. Наистод.
Аз пасаш садои тир баланд гашт, мард афтод, тир хӯрда буд.
– Ин тараф биё! – Содирхонро, ки аз ҳарос дар ҷояш шах шуда буд, ҷеғ заданд. Пояш намекашид, лек ноилоҷ буд, агар итоат намекард, парронда мешуд. Рафт...
– Даро, – аз дасташ дошта ба даруни мошин кашидандаш ва баъд то ба ҷояш нишаст, ки чор-панҷ кундоқи автомат ба сандуқи сина ва сараш заданд. – Хонаи Барзуро ба мо нишон те, – талаб карданд аз ӯ.
Ана, чунин хоҳишҳоро мардум дар деҳа ба ҳеҷ ваҷҳ бояд ба ҷо намеоварданд, зеро ҳамон шабу рӯз касе хонаи касеро нишон дод ба силоҳбадасту одамони ноошно ба сари он хонавода бало омад. Хонаи Барзуро боз одамоне мепурсиданд, ҳама мусаллаҳ, дар рӯй ниқоб доштанд.

пешина
аз 234
навбатӣ