Ишқи сархӯр

Барзу ба онҳо чӣ лозим шуда? Аз Содирхон мепурсанд ӯро. Аз ҳароси ҷон ба сари хешовандон бало мебарад? Наход омада-омада ӯ ин вазифаро ба ҷо орад? Чаро Содирхон ба назари онҳо хурд? Модараш дар ҳақиқат одами пухта, зиндагидида. Мегуфт, ки Содирхон камтар дар роҳу рӯ тобад. Ана, натиҷааш, ба сари модар, ба сари ҳама бало шуда ӯ. Мегӯянд, ки пои шишта гул ораду пои рафта бало. Боз дар ин рӯзҳо гӯянд, ки хушию нохушии одамон ба он вобаста, ки сари роҳ ба чӣ одамоне дучор меоӣ. Ҳамин тавр шуда рӯзгори онҳо. Ҳа, ҳамин тавр – одамон хатари ҷони ҳамдигар, одам ба одам гург, аз гургу ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳам ваҳшитар. Ана, ҳоло вай ба чанголи ҳамҷинсҳои одамхӯраш афтода.
– Шунидӣ, падарлаънат, чӣ гуфтем?
– Шунидам, лекин ман хонаи Барзуро намедонам, вай аз Сангрез аст.
– Чикораӣ? Муаллимӣ? – дафтарро аз дасташ гирифтанд.
– Не.
Рӯи дафтарро хонданд, варақ заданд.
– Дар идораи ҷамоат кор мекунию хонаи Барзуро намедонӣ? Шояд мегӯӣ, ки вайро намешиносӣ? Дурӯғ мегӯӣ, фиреб медиҳӣ?! – дасти яке ба паси гарданаш ҳалқа хурд.
– Намедонам мегӯӣ? – дами корд пеши назараш дурахшид, даме нагузашта «воҳ!» гуфта фиғон андохт. Хуни гарм ба бари рӯ, ба даруни гиребони куртааш шорид. – Дидӣ? – гӯши буридаашро пеши чашмонаш оварданд ва: – Ана, – гуфта, онро аз мошин ба берун ҳаво доданду, ба бехи гӯши дигараш милли тапончаро гузоштанд.
– Моро ба хонаи Барзу бар, ё намедонӣ? – овози пурдаҳшати силоҳдор баланд гашт.
– Медонам, – гуфт ва ба роҳи пушти масҷид ишора кард.
Мошин аз кӯчаҳои каҷу килеб мегузашт. Силоҳдорон бетоқат шуда буданд, ҳар дам «расидем?» гуфта мепурсиданд. Баъди тай шудани роҳи дуру дароз назди тутзоре расиданд.
– Омадем, – гуфт Содирхон ва қасри навбунёди миёни боғро нишон дод.
– Дурӯғ намегӯӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё