Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ин рӯзи мотами модар мадори дилаш-Содирхон ҳам набуд. Ӯ низ аз тарси Барзу гурехта, ба Русия рафта. Малика танҳо мегирист, як ӯ танҳо мотамдор, вале бо гиряю нола мурдаи модарро пурсӯзу гудоз, обод карда. Чӣ хеле гӯянд, об дар сари одамон намонда. Ҳамаро мегирёнд. Нолида-нолида гоҳ беҳол мешуд, месӯхт, хокистар мешуд. Ҳангоме тобути модарро аз ҳавлӣ бароваданд, овозаш гирифт, нолида натавонист. Аз пой афтод, бардоштандаш, аз китфонаш гирифтанд. Болои кати рӯи пешайвон, ки пагоҳиҳо он ҷо ҳамроҳи падару модар дастархон густурда чой менӯшиданд, ношто мекарданд, ӯро хобонданд, ба рӯяш панҷа-панҷа об заданд, то ба худ омада, чашм кушодан…
Ҳавлӣ пас аз оне, ки модари Маликаро дар гӯристон паҳлуи шавҳар, – эшони Саидҷалолхон ба хок супурданд ва мардум аз қабристон баргашта дуою фотиҳа хонда рафтанд, камодам шуд. Садои оби шаршара, ки аз обмӯрии баланд ба рӯи сангҳо зада, аз миёни ҳавлӣ, аз таги дарахтони сафедор мегузашт, акнун ба гӯшаш меомад, он ҳам ба хаёли Малика, ки даст дар шохи як сафедори лаби ҷӯй, такя ба танаи он меистод, мисли мусиқии мотам буд. Дарахтони рӯи ҳавлӣ ҳам мотамдор, ягон-ягон баргҳои зардшудаи сари шохаҳои баланди сафедор канда шуда, ба замин, пеши пойҳояш мерехтанд.
Ӯ куртаи махмали сиёҳ ба бар дошт, дар сар ҳамон рӯймолчаи тагаш сабзи гулдор, ранги рухсораҳояш канда, заъфаронӣ метофтанд, беҳолу бемадор, мӯйҳои сиёҳ болои чашму абрӯвонаш хамида… Аз падар, аз модар монда. Як Малика мондаю ҳавлии калони сердолу дарахт ва хонаю дари боҳашамат. Бекас монда ӯ, яккаю танҳо, ваҳмзада шуда.
Назараш ба болои боми баландашон рафт, шиферпӯш, офтоб ба паси бом гашта, рӯи ҳавлӣ соя андохта, хаёлаш ошуфтатар шуда. Занҳои ҳамсоя, шиносу дугонаҳои модараш дар пешайвон рӯ ба Малика меистоданд, аз афташ, дар ғами вай буданд. Кадом якеашон ба ҳоли ӯ ашк мерехт, ғами танҳо мондани Маликаро мехӯрд. Рӯзаш сахт, ҳа, ӯ танҳо.
Телефони ҳамроҳаш дуру дароз садо дод, дили бедилон даст ба ҷайби камзӯлчааш бурд, камзӯлча ҳам аз махмали сиёҳ, ба мисли дилаш сиёҳ. Телефонро гирифт.

пешина
аз 234
навбатӣ