Ишқи сархӯр

– Не, – Содирхон рост мегуфт. Ӯ силоҳбадастонро ба манзили Барзу оварда буд, ба қасри мӯҳташаме, ки онро ӯ дар ҳамин рӯзҳои наздик бунёд карда буд. Дару дарвозаҳояш ҳазор ранг андохта шуда, тирезаҳо зарҳалкорӣ, ҳамааш аз пулу моли мардум, ки ғорат карда. Аммо ҳанӯз ба ин ҷо накӯчида буданд, ҳавлиашон дуртар аз боғ, дар миёни деҳа.
Аҳли оила он ҷо. Лекин бадии кор дар он буд, ки Барзу баъзан ҳамин ҷо меомад, бо ҳамроҳон сӯхта-пӯхта машқ, даводав мекард. Содирхон аз он дар ҳарос буд, ки шояд Барзу ҳамин ҷо бошад. Ӯ ин ҷо, душманони ҷони Барзу фарзандони Саидхони чӯпонро оварда буд. Ба Барзу ҳам қасду нияти онҳо маълум. Аммо Содирхон илоҷи дигар надошт, кушандаҳои Барзуро вай ба сари ӯ овард, боз бобои Абдукарим хеши наздики вай, амакшавандааш.
– Нафаро, то омадани мо ист! Фаҳмидӣ? – таҳдид карданд ӯро.
– Ҳа, фаҳмидам.
– Агар гурезӣ, зинда намемонӣ, таги замин ҳам дароӣ, меёбем, – дашном доданд ӯро ва ба пайроҳаи қади ҷӯ қадам монданд.
Паси деворҳои баланд гузаштанд, паноҳ шуданд аз назар.
Ва Содирхон ҳамин лаҳзаро интизор буд, зуд аз мошин берун омад. Ба паси он гузашт, тир барин давид, аз сари девор ба ҳавлие даромад. Ҷониби хонаи Барзушон мешитофт, дар пеш монеаҳои зиёде, ҳавлиҳо, хонаҳо, ҷӯякҳои ток, ангурзорҳо, аз таги баргҳои зардшудаи ток хӯшаҳои ангури тоифӣ тиллогун
– сурхчатоб метофтанд, навдаҳои ток ба пойҳояш мепечиданд, дармемонд, меафтод, бо азоб аз ҷой мехест, деворҳои баландро мебаромад, боз дар пеш девор, роҳаш дарун-даруни хонаю ҳавлиҳо.
Ба деворҳои бисёр баланди ҳавлии Барзушон наздик омад, аз сари девор худро ба даруни ҳавлӣ нишеб кард, дастонаш аз сархораи девор раҳо хӯрданд, афтод. Либосҳояш дарида, пури хору хас. Барзуро дид, дар миёни ҳавлӣ буд. Оҳи сабуке кашид, беҳолу бемадор шуда буд, дигар аз ҷояш хеста, ба тарафи Барзу қадам монда наметавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё