Ишқи сархӯр

– Барзу, ба ту мегӯм, Барзу, – беҳолона овоз баланд кард.
– Чӣ гап шуд ба ту, Содирхон? Аз чӣ сару рӯят пури хун? – Барзу дар ҳайрат монда буд.
– Бин, ана бин, ба ман чӣ карданд, – бо ангушт ба гӯшаш, ки ғарқи хун буд, ишора кард.
– Гӯшатро буриданд?!
– Ҳа, аз барои ту, хонаи Барзуро нишон те гуфтанд.
– Кӣ? Киҳо?!
– Бачаҳои Саидхон, хунхӯрҳо, хунмастҳо! Гурез, туро мекобанд, меоянд, зуд бош, чалфас нашав, гурез!
– Фаҳмидам, Содирхон, фаҳмидам.
Барзу боз чӣ гуфт, намешунид, рӯ ба девори ҳавлии ҳамсоя овард, девори баландро боло хез зад. Ҳавлии ҳамсоя дар лаби ҷарӣ, сердарахт, сербуттаю серхор, аз паси буттаҳои хор роҳ ёфта, тарафи ҷари баланд медавид. Акнун Содирхон худаш дар орзуе, ки ӯро набинанд, ба даст наафтад. Аз ин кори кардааш оби деҳа барояш заҳр шуд, он ҷо рафта наметавонист.
Рӯ ба шаҳр, ба Душанбе шуд. Аз тақдири модар бехабар, дар Русия ба азоби мусофирӣ дучор гашт. Ҳоло аз Ленинград бо маҳбубааш, ки дар орзуи дидори ӯ дар дуриҳои дур аз вай рӯз мегузаронд, бо телефон гап мезад. Ӯ ҳамон рӯз аз модар ҳам монда буд.
Дар он пагоҳии рӯзи фасли тобистон хабари ваҳмангезе дар сар то сари деҳа паҳн гашт: силоҳдорон омадаанд. Ҳама талхакаф, сар ба куҷо заданашонро намедонистанд. «Кӯр шаванд», одамон дар хонаҳояшон паст-паст гап мезаданд, пичир-пичир, гӯшакӣ мекарданд. «Мошини сиёҳпӯшҳо», мегуфтанд. «Барзуро меҷустаанд, ӯро мепурсидаанд, Содирхони котиби ҷамоаро ба мошинашон андохта бурдаанд, холаи Зарафо нафаҳмад, кампир як бача дорад, нафаҳмад…»
Пичир-пичирҳо ба гӯши холаи Зарафо расид.
– Чӣ гап аст, бачаҳом? – аз духтарони ҳамсоя, ки аз сари девор ба ҳоли ӯ наззора доштанд, пурсид холаи Зарафо ва боз мегуфт:
– Бачама сиёҳпӯшҳо қапида, ба мошиншон андохта бурданд, мегӯед? Хонам сӯхт, аз бачаам мондам, гӯед? – ба ҷисму ҷони модар ларза афтод, Воҳ, бачаҳакаме, бачаҳаки бесоҳиби беакаю додараме, гуфта модар бо сару пои бараҳна аз хона берун давид, ба сари роҳи калон расид, дар кӯчаю паскӯчаҳо ҷонзоде ба чашм намехӯрд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё