Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар рӯзи равшан кӯчаҳои деҳа ба мисли шаби тор беодам, ваҳмовар. Аммо модар ба хаёли фарзанд, ҷигарбанд роҳ мерафт. Мошини сиёҳро, ки як бор омада Содирхонро бурда будаасту боз баргашта, дар кӯчаҳо одам шикор мекардааст, меҷуст. Парешонҳолона банди фикру хаёлҳои худ буд: наход омада-омада бачаи ӯ ба бало афтод? Ӯ ба неку бади олам кор надорад, гӯсфанди кар, аз гапу ҳарфи модар берун нест. Фақат дар забонаш номи духтари холааш, «кай тӯй мекуне, оча,» мегӯяд.
Сад кас ҳасади холаи Зарафоро мехӯрад, таҳсину офарин мехонанд. Бачаашро ба роҳ дароварда тавонистааст мегӯянд.
Вагарна дар деҳа қариб ҳамаи ҳамсолони Содирхон ба як шӯру шанге ҳамроҳ ҳастанд. Яке худро ҷонибдори ҳукуматиҳо мегӯяду дигаре ихлосманди кадом як дастаи силоҳдор.
Онҳо ҳама аҳли як деҳа, ҳамсоя, бо ҳам хешу табор, бародару хоҳар, нону намакхӯр, лек бо ҳам ноошно, мухолиф. Холаи Зарафо, ки ҳамеша дар ғами ягона ҷигарбандаш аст, нагузошт, ки Содирхон ба тарафе майл бикунад. Хешовандашон Барзу худашро хӯрд, ҷон канд, ки вайро ба дастааш бигирад, ҳар соату замон ба хонаашон меояд.
– Хола, не нагӯед, монед, Содирхон бо ман ҳамроҳ шавад.
Бисёриҳо акаю додар, хешовандошон қатӣ силоҳдор шудаанд, бақувватанд, ҷон дар ғами ҳамдигаранд. Аммо ман танҳо, одами худӣ надорам, Содирхон додарам, гӯшту нохун ҳастем, бонигари худам шавад мегӯям. Худи Содирхон розӣ аст.
– Номаъқул кардааст, – модар оташин шуд.
– Чаро намегузоред, хола?
– То зиндаам, намемонам, ки силоҳ бигирад, одам кушад.
Бачам, не, бачам, безорам. Ту, бачам, намедонӣ, ки ин бозиҳо ба сари одам чӣ балоҳо мебиёранд. Таноби ҳукумат дароз аст, вақташ меояду танобро мекашад, меёбад. Худат ҳам, Барзу, гапи мана гирӣ, аз пайи кори бечорагиат шав, ба гапи падарат гӯш кун, вай ба ту бадӣ намехоҳад.

пешина
аз 234
навбатӣ