Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аз хушиям силоҳдор нашудаам, хола. Ё намедонед?
Майлаш, хола, Содирхонро нагузоред, лекин мана насиҳат надиҳед, – Барзу ранҷид, баъд чанд рӯз ба хонаи онҳо наомад.
Ҳамин хел ҳолатҳо рух доду Содирхонро модар силоҳдор шудан намонд. Боз ба ӯ фаҳмонд, ки ин амалҳо оқибати нек надорад. Холаи Зарафо медонистааст ва дар давоми умри кӯтоҳаш дида будааст. Касе касеро кушт, иғво андохт ё саъй кард, бародареро ба қатл расонад, худ ба хуни худаш олуда гашт. Мардум одамони хабаркаш, дурӯяю иғвогарро нағз намебинанд. Аз ночорӣ ба онҳо саломалайканд, дар ботин нафрат мехонанд. Рӯзаш ояд, ба саломашон алайк намегӯянд, ҷое шуда, ки дар маърака табақи ошро аз пешашон гирифтаанд, ҷанозаашон беодам, ё камодам мегузарад, ҷанозаашонро намехонанд.
Модар Содирхонро ба роҳи нек даровард, бо дили худаш тарбият кард. Вале ҳоло ноинсофҳо гунаҳгорҳоро монда ҳамин бачаи вайро дастгир кардаанд, нафаҳмидаанд, ки гунаҳгор кисту бегуноҳ кӣ. Модар ҳамин гапҳоро ба онҳо мегӯяд, забон дорад, гунг нест. Чаро худи Содирхон ба сиёҳпӯшҳои худозада нафаҳмондааст? Вай ҳамин хел кундрӯ, ҳаққи худашро соҳиб не, дамаш дарун, беақл. То кай модар аз тани вай гап мезанад. Бачаи беақл, намегӯйӣ, ки ман коргари ҳукумат ҳастам, идоранишинам, дар шӯрои ҷамоат кор мекунам. Ҳама, раиси колхоз ҳам аз тарс корро партофта гурехт, рафт. Ман ҳамроҳи мардум истодам, гунаҳгор ки нестам, нагурехтам, ғами мардум, ғами одамони бечораро хӯрдам.
Маро заданд, таги петанги асп кашиданд, лат хӯрдам, лекин одамони бегуноҳро ҷонибдорӣ кардам, ба сиёҳпӯшу сафедпӯшаш ҳам фаҳмонда тавонистам. Мактаб, духтурхона, халқ гуфтам. Агар ту одами ҳукуматӣ, фаҳм, ба ман раҳмат гӯй.
Не, бачаи холаи Зарафо ин гапҳоро намегӯяд… Модар ба сару пои бараҳна медавид, бо Содирхонаш хаёлан дар хархаша, дар манша. Мошини сиёҳ, одамони сиёҳпӯшро меҷуст, монда шуда буд. Офтоб болои сар омада, рӯз гарм шуда буд, рӯяш арақшор, нафасаш мегашт, рухсораҳояш суп-сурх тобиш меовард. Наход аз ҷону ҷигар, аз Содирхонаш мемонад?
Наход сиёҳпӯшҳои худозадаро намеёбад? Дидааст ва шунидааст холаи Зарафо, ки касеро бурданд, наомад, гумном шуд, баъд кофтандашону кофтанд, наёфтанд.

пешина
аз 234
навбатӣ