Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чӣ кор кунад? Сарашро ба куҷо занаду додашро ба кӣ гӯяд? Чаро одамон нестанд? Чаро касеро намебинад? Маслиҳат мехоҳад, чӣ тадбир ҷӯяд? Кӯтали паси масҷидро нишеб шуд, дар истгоҳи пеши мағоза ҳам касе наменамуд. Истгоҳ ба номаш монда. Кайҳост, ки автобуси байни шаҳру деҳа гум, мошин намегардад.
Ҳамааш аз касофати нооромӣ, ноосудагӣ. Чаро бачаи ӯро гирифтанд? Ё ягон кас маълумот додаст? Иғво андохтаст? Ин хел хабаркашҳои бачамурда дар деҳа ҳастанд, якеаш муаллими Хидиралии худозада.
Садои ғурроси мошине ба гӯшаш омад. Ҳуши холаи Зарафо ба садо шуд, ба пеш, ба миёни роҳ давид, ба ҷониби боғчаи амаки Раҷабалӣ, ба дарахтон назар андохт, мошин ҳанӯз аз паси чинорҳои баланд намоён намешуд. Шояд ҳамон мошини сиёҳ аст? Вале гумонаш ғалат будааст. «Жигули»-и сафеде дид. Наздик шуд он, холаи Зарафо соҳиби мошинро шинохт. Хидиралӣ буд.
– Хидиралӣ, бачам, ист! Ба ман гӯш кун, бачама бурданд, хонам сӯхт, Хидиралӣ! – нидо кард ба ӯ модар. Аммо Хидиралӣ мошинро нигоҳ надошт, ба холаи Зарафо эътибор надода, аз наздаш гузашта рафт. Дили модар сиёҳ шуд, ба замин зад. Чаро Хидиралӣ мошинашро нигоҳ надошт, ба доди модари зор нарасид, аз ӯ рӯй гардонд? Чаро? Аз ҳамин одам дилаш раг мезанад. Ягон гап ҳаст, бе гап нест. Худозада аст ин одам. Як шӯрангези хабаркаш, худашро гоҳ тарафи ҳукуматиҳо мегираду гоҳ тарафи силоҳбадастони гурӯҳи дигар. Забон ёфтааст, Худо додаст ин мундуқи касофатро! «Ман»
мегӯяд, ба сари ҳама медавад. Обро лой карда моҳӣ медорад.
Кадом дастаи силоҳдоре ба деҳа даромад, ӯ роҳнамо. Дар вақташ аз вай мардум меҳаросиданд, ки хабаркаши ҳукумат – КГБ аст. Гӯши хар ҷунбид, хабар мебурд. Хонаи муллою эшонҳоро сӯхта буд. Одами берӯзаю намоз, арақхӯр, занбоз.
Ҳоло ҷониби муллою эшонҳо гаштааст. Ба ҳамин муллоҳо ҳам ҳайрон аст, ки ба ин шайтон бовар мекунанд. Ё шояд аз зӯромад бо вай созомад шудаанд. Албатта ҳамин хел будагист, аз ночорӣ. Худи холаи Зарафо ҳам пеши вай дуқаду сеқад мешавад, золию қолӣ мекунад, аз тарси ҷони худаш не, аз тарси бачааш.

пешина
аз 234
навбатӣ