Ишқи сархӯр

Ғами Содирхонро мехӯрад, ки ин сиёҳдил дар ҳаққаш гап наёбад, аз пасаш нашавад. Мардум фаҳмиданд, аз оина равшан, ки ба касе ғузна дошт, дар ҳаққашон гап ёфт, хабар бурду овард, гап гирифт, оқибат сарашонро хӯрд. Онҳо одамони бообрӯ, сару саркардаи деҳа буданд.
Ҳоло мехоҳад худаш обрӯманд шавад, мардум ба вай хушомад зананд. Орзуҳояш дар дилу дилаш таги хок. Ҳоло гап дар сари он ки ҳамин Хидиралии ҷигаррехта Содирхони вайро фурӯхтагист. Лекин Содирхони вай чӣ гуноҳ карда? Аз пайи кори бечорагии худаш аст. Ҳамин пагоҳ ҳам дафтарашро гирифту аз хона баромад, кори ҳукумат намонад гуфт. «Ҳукумат» мегӯяд, «беваю бечора» мегӯяд. Вале ана, бинед, ки сиёҳпӯшҳо омада-омада Содирхони ӯро гирифтанд. Арзана гунҷишк хӯраду шаллоқа будана. Аз қадим ҳамин хел буда.
Модар боз дар миёни роҳ монд, тоқаю танҳо. Мошини сиёҳпӯшҳо наменамуд. Куҷо шуд? Ба замин даромад? Содирхони модарро куҷо бурданд? Ба вай чӣ кор карданд? Бе бачааш холаи Зарафо як лаҳза зиндагӣ намехоҳад. Ягон одам пайдо намешавад, ки пурсад, маслиҳат хоҳад. Маълум, ки мошин аз деҳа нарафтааст, агар мерафт, одамон дар хонаҳояшон мух намезаданд, кӯча мебаромаданд. Сари модар гаранг, ғарқи фикру хаёлҳо. Ғурроси мошин ба гӯшаш расид. Аз кӯчаи паси мағоза меомад мошин. Пештар давид. Мошин наздик омад, ҳамон мошини ваҳмовари сиёҳ, Содирхон дар даруни он будагист. Бачаи холаи Зарафоро мебаранд. Хайрият, модар дучор омад ба мошин, хайрият ба вай хабар доданд, бехабар намонд. Сӯхта-пӯхта рӯ ба мошин давид, хуб кард.
Мошин тез меомад, суръаташ баланд. Чархҳои мошин сангу сангрезаҳои рӯи роҳро лесиданд, дуд бароварданд. Модар қариб таги чархи мошин монд, мошин истод.
– Ҷинӣ шудӣ, беваи падарлаънат?! – яке аз сиёҳпӯшҳо аз мошин фуромада модарро ба тарафи ҷӯи канори роҳ кашола кард.
– Бачама куҷо мебаре? Бачама сар тие, вай гуноҳ надорад, ба ҳурмати Худо рост мегӯм, агар бовар накунед, аз одамон пурсед, ҳама шоҳиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё