Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Канӣ бачат, бева.
– Содирхон.
– Содирхон бачаи худат аст? – силоҳдорон хурсанд буданд, ки корашон барор гирифт. Онҳо дуюмбора ба деҳа барои кофтани ӯ омада буданд. Ина бинед, ки модараш ба пои худ омад.
– Содирхон бачаи худат аст?
– Ҳа, бачам. Илоҳо баракат ёбӣ, ту бачаи мана мешиносӣ?
– Мо ҳамаамон вайро мешиносем.
– Дар забонатон мурам, гуфтанд шумоҳо вайро бурдед, ба хайр аст, ман бачама мекобам.
– Намедонӣ, вай дар куҷост?
– Не, бачам, ман вайро мекобам.
– Бачат, бева, гурехт.
– Гурехт? Сиҳат аст? Дар забонат холаат бимирад, – бо шунидани хабари зинда будани Содирхон, гурехтани вай дили кампир шод шуд, хотираш болида гашт. – Э хуб шудаасте, Худованд рӯямро сурх кардаасте, – холаи Зарафои аз гапу ҳарф бехабар сиёҳпӯшҳоро дуои нек мекард, аз шодӣ рақсидан мехост.
– Ростӣ, ки бева, намедонӣ бачат дар куҷост? – сиёҳпӯшҳо бо як овоз аз модар мепурсиданд.
– Ба Худо, бачаҳакои азизам, аз мурдани худам хабар дораму аз гурехтани бачам хабар надорам. Хуб кардааст, гурехтааст, мардӣ кардааст.
– Кани бева, бо пои худат ба мошин даро, то бачата ба мо ёфта натеӣ, туро сар наметием, мекушемта, мепаронемта…
– Майлаш маро паронед, бачаҳом, кушед, аммо ба бачаам кордор нашавед, вай якта аст, соҳиби мурдаю зиндаам аст…
Модар ба ақидаи сиёҳпӯшҳо ҳарза мегуфт. Вайро лагадкӯб карда, ба даруни мошин дароварданд, агар бачаашро ба онҳо ёфта надиҳад, ё худи Содирхон «модарам» гуфта, пеши онҳо наояд, холаи Зарафо зинда намемондааст. Аммо холаи Зарафо хурсанд буд, ки Содирхонаш зинда, гурехтааст. Ҷонаш фидои ӯ, хуб кардааст бачаи ҷони ӯ, ақлаш расидааст. Девона нашуда модар, ки бар ивази ҷони худ Содирхонро ба инҳо ба таслим биорад.

пешина
аз 234
навбатӣ