Ишқи сархӯр

Ҳаргиз, ҳеҷ гоҳ, ҷони модар фидои бачааш. Бо умеди дастгир кардани Содирхон, ки вай Барзуро гурезонда буд, сиёҳпӯшҳо модарашро мебурданд. Аммо ноумед шуданд. Ҳамон рӯз Содирхон ба Душанбе расида, барои бо тайёра Ленинград рафтан чипта пайдо кард. Бехабар аз марги модар, ки сиёҳпӯшон аз забони ӯ гап гирифта натавониста, бо ҳазор азобу шиканҷа ба қатлаш расонда буданд.
Ҳоло Малика ҳамон рӯймолчаи гулдор дар сар, рӯймолчае, ки нигоҳи Мустафо дар Дараи Марг ба он дармонда буд ва овози бадхашмонаи Барзуро мешунид, ки «мепаронам, калимаатро арза кун, мепаронам», мегуфт, бо телефон бо Содирхон ҳарф мезад. Ҳаво хунук шуда, нурҳои офтоб кайҳо аз лаби бом парида, замину замон ба назар тира мешуд. Вале Малика хунукиро ҳис накарда, бо алам ба Содирхонаш дарди дил ифшо мекард, бехабар аз он ки ҳамин лаҳзаҳо қиёмат ба сараш қоим мешавад, бехабар аз марг, марги гӯшношунид, даҳшатбор. Ӯ банди изҳори муҳаббат ва дарду алам бо Содирхон буд, ки аҷал ба сараш омад. Мошине паси дарвозаашон қарор гирифт, дарвоза шараққосзанон кушода шуд. Барзу бо шаст дохили ҳавлӣ гашт, танҳо не, бо силоҳдорони беше. Ба сари Малика омада буданд, медонист, худро ба паси як табақаи дарвоза кашид.
– Содирхон, хайр, ту охирин суханҳои маро мешунавӣ, маро дар ёд дор, гоҳе Малика гӯй, ҳа, ҳамин тавр. Содирхонҷон, номурод шудам… – бо телефон охирин суханҳояшро мегуфт.
– Чаро? Барои чӣ ин хел гап мезанӣ?
– Омад.
– Кӣ?
– Барзу, аз дар даромаданд.
– Барзу, ман сим мезанам, бо телефони дигарам, гӯш кун ман ба вай чӣ мегӯям, халос мекунам, не гӯяд, бовар кун, худам вайро мекушам, бовар кун!
– Баъди сари ман? Хайр. Хайр, Содирхон, маро дар ёд дор, дар зиндагӣ ин хел умед надоштам…
Барзу дарун ба даруни хонаҳояшон Маликаро мекофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё