Ишқи сархӯр

– Кани вай мочахар, каниш, ба ман ёфта тиед вагарна, ба ҳурмати Худо, ҳамаатонро мепаронам, – ба сари занҳое, ки дар пешайвон паси ҳамдигар панаҳ мебурданд, фарёд мезад.
Телефонаш занг зад.
– Барзу, ба ман гӯш кун, Барзу, – овози Содирхон ба гӯшаш мерасид. – ман Содирхон.
– Шунидам, Содирхонӣ, чӣ мехоҳӣ, чӣ мегӯӣ?
– Модарам аз туфайли ту мурд, худам гурезаам, бесарпаноҳ, бехона мондам, аз ман боз чӣ мехоҳӣ?
– Гап зан, худат чӣ мехоҳӣ? Ҳушма беҷо накун, вақтма нагир. Ман ҳоло вай мочахар, Маликаи туро мекобам.
– Ба вай чақа нашав, даст нарасон, хап истодани ман ҳам ҳад доштагист!
– Чӣ мекунӣ? Метарсонӣ?
– Туро зинда намемонам. Агар ба Малика даст расонӣ, ба номи Худованд, ҳамин ҳозир ба роҳ мебароям, худам туро мекушам, бар падари падарат лаънат мегӯям. Ба Малика даст нарасон…
Суханони Содирхон дар забонаш монданд, аз автомат чанд тир холӣ кард, хунмаст, девона шуда Барзу. Вақти намози аср ки буд, мӯйсафедон ба масҷид меомаданд, хабари пурдаҳшати ба хонаи эшони Саидҷалолхон омадани Барзуро шунида, тарафи ҳавлии ӯ гаштанд.
– Айб аст, Барзу, – муаззини масҷид, марди харобаи лоғар Сӯфигадо, ба Барзу насиҳат додан мехост. – Ҳазрати домулло, эшони Саидҷалолхонро куштӣ, боз имрӯз ба сари духтари вай даст мебардорӣ?
– Ҳа, Сӯфигадо рост мегӯяд, сарта ба сари занака намон, кори мардон ин нест, – мӯйсафедони ҳамроҳи ӯ бо як овоз гап мезаданд.
– Шумоҳо, намозатонро монда ба сари ман омадетон? Вай домулло чӣ корҳо кард дар ҳаққи мо, намедонед? Чиба ба вай нагуфтед, ки кори убол кард, одамони ғайридина меҳмон кард, ошу нон дод, гӯсфанд кушт. Оё ҳамин домуллои шумо ҳамин хел кор накарда буд? – Оташи қаҳру ғазаби Барзу аланга мегирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё