Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Астағфируллоҳ гӯй, бачам, ба худ биё, гардани шайтона шикан, номбад мешавӣ, одамон аз хотир намебароранд.
– Барои тарсондани ман омадед, панд мехонед? Дер шуд.
Намедонед, дар ҳаққи мо духтари вай чӣ кор кард? Худша кашида дар ҳамон шабӣ ба сари ҳукуматиҳо рафт, онҳоро ба сари мо овард. Як мазори деҳаи моро мурда гирифт, қаторқатор гӯр пайдо шуд. Як ҷавонҳое нобуд шуданд, ки ба дунё меарзиданд. Оё шумоҳо инро намедонед? Кӯру кар шудед?
Ман вайро мебарам, худам бо дасти худам зинда-зинда чок мекунам. Чӣ кор ба вай мекунем, худам медонам, дилма хунук мекунам. Кани вай? Куҷо шудааст? Намегӯед? – назараш дар паси дарвоза ба Малика афтод – Ана вай, ана вай дар куҷо! – гӯё ӯро Худо дода буд, тарафаш шитофт.
– Мана ман! Ту номард, ту хунхор, мекушта бошӣ, куш, ана ман! – Малика ба миёни ҳавлӣ давид. – Рӯзе меояд, ту пеши пои мардум меғалтӣ, кӯҳрӣ, радди маърака, расвойи олам мешавӣ. Ба Худо, ҳамин хел мешавӣ, туро дуои бади падарам мегирад, дуои шаҳидон мегирад. Мардум, шумо мебинед, гапи маро мешунавед, – ба одамони дар рӯи ҳавлӣ буда рӯ овард. – Номард аст ин одам. Деҳаро холӣ дидааст, ҳукуматиҳо боз меоянд, меоянд! Мебинед, ки баъд ҳоли ин марди майдон чи мешавад, мебинед. – Малика дигар фурсати гап задан наёфт, силоҳбадастон ба сари духтар давиданд.
– Боғоҷи мошинро кушоед, ба кӣ гуфтам, зудтар, – фармоиш дод Барзу ба силоҳдорон ва онҳо ба Малика дарафтоданд, хоҳиши Барзу ба ҷо омад. Гӯё душмани азимашонро мағлуб карда буданд, ки Барзу намоишкорона автоматро дар даст бозӣ медоронд ва ба ҳозирон ботантана ҳарф мегуфт:
– Мардум, ба чашмони худатон бинед, ки мо бо душманон, бо хабаркашу гап мебурдаву гап меовардагиҳо чӣ мекунем.
Ҳукуматӣ пукуматиҳо ба чагараи мо қадам монда наметавонанд, сабақ гиред аз ин бевадухтар, сабақ! – бо доду мағал ба паси фармони мошини сиёҳи напа-нави хориҷиаш, ки Маликаро ба бордони он партофта буданд, гузашт.
Мошин аз назди мардум, одамоне, ки дар ҳавлии эшони Саидҷалолхон ҷамъ омада буданд ва ин воқеаи даҳшатбор дар рӯзи равшан, пеши назарҳо, рух медод, дур мешуд.

пешина
аз 234
навбатӣ