Ишқи сархӯр

Дар назди мағозаи деҳа ҳам одамони зиёде буданд. Барзу ба касе чи гапе дошт, ки мошинаш истод. Малика аз боғоҷ худро ба берун андохт, рӯи роҳ ғел хӯрд, хест, таг-таги чинорҳои баланд тирвор гурехт, ба пахтазор даромад, меафтод, мехест, медавид, силоҳбадастону Барзу аз пасаш «ист, мепаронем, ист, мепаронем!» – фарёд мезаданд. Ба вай наздик шуда наметавонистанд. Барзу автоматро ҷонибаш гардонд, тир кушод. Аз пой афтод Малика, тир ба ҷои ҷонаш расид, зинда ба дасти ваҳшиҳо наафтод.
Нигоҳи Мустафо дар Дараи Марг ба рӯймолчаи тагсабзи гулдори сари буттахор буд.
– Шинохтӣ? Аз рӯймолча-а? – Барзу аз назари дардолуди Мустафо рамуз гирифта пурсид ва давом намуд:
– Ин гӯри кӣ?
– Гӯри Малика.
– Фаҳмидӣ, мо бо душманҳоямон чӣ кор мекунем? Ин ҷо садҳо нафаранд, ба қатл расидаанд. Кӣ мегӯяд, ки мо ғолиб намебиёем? Ба ту ҳоло ман пеш аз маргат хеле гап мезанам, огоҳ шав, фаҳм.
– Барзу як теппачаи сангу шағалро ба Мустафо нишон дода пурсид:
– Медонӣ вай гӯри кӣ?
– Не, додар.
– Додар нагӯй, лаънатӣ, вай гӯри падари худат, падарҷонат!
Мӯйсафеди Абдусалими кохучӣ мегуфтанд падари Мустафоро. Аз деҳаи Кохуи Ромит омада. Дар Лолазор соҳибгап буд, як марди чорпаҳлуи қадбаланд, хушсухан, дорою будаманд, оқсақоли деҳа, тӯю маъракаҳоро ӯ обод мекард. Ҳурмату эҳтироми зиёд дошт назди ҳама. Ба хурду калон некӣ мекард, дил ба даст меовард, «бобо» мегуфтанд ӯро, «бобои Абдусалим». «Ҳой, бача, аспи фалониро гир, ту, фалон, бисмадон корро кун», гуфта овоз баланд карданаш кофӣ буд, ки маърака ба тартиб ояд, фармудаҳояш ба ҷо оварда шаванд.
Дар кӯчаҳои деҳа хурдтарин кӯдакҳоро ҳам, ки медид, фурсаташ танг намебуд, бо меҳрубонӣ гап меандохт. Аспҳои бузии номӣ дошт, човандоз ҳам буд, маъракаҳои бузкаширо сару сардор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё