Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар тан чакмани сафед, ки бо риши кӯтоҳаш ҳамранг буд, салла дар сар, савори асп бо овози баланди марғӯладораш фарёд мезад: «Бача, буза барор, тоқа кун, ба пайкаҷо парто, як фалону бисмадон аҷнос, нагӯед нафаҳидем», аҷносҳоро такрор ба такрор ном мебурд.
Ана, ҳамин одам, вақте давраи нооромию митингнишиниҳо сар шуда буд, осудагӣ надошт, зиқ, хафа, ғамгин, оҳаш ба фалак. «Эҳ, Худо, чӣ рӯзе ба сарамон омада, ин хел нашуда буде, ҳама ҷо тинҷу оромӣ буде. Касеро ба касе коре набуде, замони шӯравӣ чӣ хубе буде. Қадри он замонро донеде, агане аз ҳама чӣ мемонеде», – дар ҳама ҷо мардумро ҳушдор медод.
Ягон-ягон силоҳдорон пайдо шуда буданд. Бобои Абдусалимро дидори онҳо хуш намеомад. «Мардум, ҳуш доре, чӣ кор мешаваде, бачаҳотона аз ин роҳ гардоне, соҳиб шаве.
Ман худам бачаҳои деҳаи худамона силоҳ гирифтан намемонам, ба Абдукарим ҳам мегӯм, ки бачаша аз раҳ гардона, Барзуи вай ғамдарсар, беҷо рӯидааст, ба бачаҳои мо ҳам чақа шудестай, «силоҳ гире мегӯя». Ба Худо ман худам вайро аз раҳ мегардонам». Дар ҳаққи Барзу суханҳои қабеҳ мегуфт мӯйсафед, хона ба хона гашта, падару модаронро огоҳ мекард, ки фарзандонро аз роҳи бад гардонанд, силоҳ нагиранд, ки оқибаташ бад мешудааст. Муаллим Хидиралӣ, ки душмани хонадони бобои Абдусалим шуда буд, гапҳои ӯро нарезондаю начаконда ба Барзу мерасонд.
Лекин бобои Абдусалим ба ӯ бадӣ не, некӣ карда буд. Хидиралӣ аз хурдӣ ятим монда буд, хоҳару додараконаш зиёд.
Хӯрондану пӯшондани онҳо дар он рӯзҳои сахти баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба модар осон набуд. Гуруснагӣ мекашиданд, белибосӣ. Бобои Абдусалим «савоб мешавад» гуфта, даст ба сари Хидиралӣ мебурд, дар қатори фарзандаш, ки ӯ ҳамсинфи вай буд, ба ӯ ҳам либос мехарид, пул медод, аксар онҳо ҳамроҳ, якҷоя мактаб мерафтанд. Баъзан шабҳо Хидиралӣ дар хонаи Мустафошон мехуфт.
Мактабро ҳамроҳ тамом карданд. Мустафо аз пайи таҳсил шуд. Аммо Хидиралӣ хонда натавонист. Шароиту имкон надошт. Дар як деҳаи дури дури Ромит, ки омӯзгор намерасидааст, муаллим шуд.

пешина
аз 234
навбатӣ