Ишқи сархӯр

Дар ин мобайн Мустафо донишгоҳи омӯзгориро хатм намуда ба мактабашон ба кор омада буд, мудири мактаб.
Бегоҳирӯзие Хидиралӣ бо оби дидаи шашқатор аз дари ҳавлии бобои Абдусалим даромад.
– Бахайр, бачам? – бобо хавотир шуд.
Аз гуфти Хидиралӣ дар деҳае, ки муаллим будааст, як кампир аз баҳри Худо ба ӯ сарпаноҳ дода. Аммо баъд туҳмат задааст, ки вай ба духтари қадраси ӯ дастдарозӣ карда.
– Ҳамааш дурӯғ, бобо, туҳмат ва боз туҳмат, аз душманӣ, – гуфта қасам рӯи қасам мехӯрд.
– Аз кампири модари духтар узр хоҳ, бегуноҳиатро ба ӯ фаҳмон, кӯҳистониҳо одамони хубанд. Ё ман ҳамроҳат равам? – дили бобои Абдусалим ба Хидиралӣ сӯхт.
– Наметавонам, дигар он ҷо рафта наметавонам ба Худо, бобо.
– Муаллимиат чӣ мешавад?
– Барои ҳамин омадам, бобо, Мустафо мудири мактаб шудааст, дар ҳамин деҳаи худамон муаллим шавам мегӯям.
Охир ман ҳам ҳаминҷоӣ-ку, – суханҳои таҳдор гуфт Хидиралӣ. Вале бобои Абдусалим аз Мустафо хост, ки Хидиралӣ дар мактабашон муаллим шавад. Падару писар Хидиралиро дастгирӣ карданд. Ҳарчанд баъдтар маълум шуд, ки ба Хидиралӣ туҳмат накарда будаанд. Вай нон хӯрда, дар намакдон туф кардааст.
Мустафо дар донишгоҳ низ дӯстони зиёд пайдо карда буд, муаллимон гоҳ-гоҳе меҳмони ӯ мешуданд. Бобои Абдусалим муаллимони фарзандашро хурсанд мекард, ҳар сол аз ангуру меваҳои хушлаззати боғу майдонҳояшон онҳоро ширинком менамуд. Падару писар як чи-ним чи одамгарӣ карда, Хидиралиро ғоибона ба донишгоҳ дохил кунонданд.
Акнун дар мактаби деҳа ду маълумоти олидор – Мустафо ва Хидиралӣ. Ана, баъд ин мактаб ноором гашта. Хидиралӣ ҷӯраашро бесавод эълон кард. «Маълумоташ қалбакӣ, пул дода, бобои Абдусалим ба бачааш диплом харидааст», – мегуфт. Дар мактаб навис-навис, номаҳои беимзо, бо имзои одамони будаю набуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё