Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар рӯзҳое, ки Мустафо дар беморхона буду ҳолаш вазнин, Хидиралӣ ба мактаб комиссияҳо, аз кадом як газет мухбир оварда, дурӯғи бардурӯғ дар ҳаққи Мустафо мақола чоп кунонд, думушта доира зада, як дарди ҷӯрааш ва бобои Абдусалимро сад дард кунонд. Бобо сари калонашро ба хотири фарзанди бемор хурд карда, рӯ ба хонаи Хидиралӣ овард. Бо вай дар гуфтугӯ шуд. Гуфт, ки ба хотир орад, ки ӯ кӣ буду кӣ шуд ва дар чи ҳоле аз ӯ ва фарзандаш некӣ дид. Таъкид кард, ки онҳо бародар буданд, Хидиралӣ бо нону намаки бобо ба ҷое расида. Ӯ онҳоро шиносад, боз мисли пешина Мустафоро бародар гӯяд. Вале куҷо гӯши карро шунидан? Бобо оҳ аз дили пурдард кашида, аз нази Хидиралӣ хест, ӯ ҳатто ба гуселаш набаромад. Дар ҳамон рӯзи ҷарроҳии Мустафо хабар паҳн шуд, ки Хидиралӣ оқибат ба мақсад расида. Вай ба Барзу боз ва боз маълумот расонда, ки бобои Абдусалим душман, вай дар ҳар хестану нишастан бар падари Барзу лаънат мехонда, дашномҳои қабеҳ медода, ҳатто бо ҳукуматиҳо дар муқобилаш забон як карда. Ба ҳамаи ин Хидиралӣ шоҳид, ба хонаи ҳалолу зан ва фарзандон қасам хӯрда, коре карда ӯ, ки вай аловию оташӣ шуда, ба сари бобои Абдусалим давидааст, дар миёни мардум як одами бообрӯ, ба гуфтае сутуни мамлакатро задазада, таҳқир карда, бо ҳамроҳон ба даруни мошин мекашад.
Ҳоло назари Мустафо бо дидагони ашкбор ба теппаи сангу шағал, ки қиблагоҳаш он ҷо мадфан ёфта буд, дӯхта шуда.
– Ин кори Хидиралӣ. Дод аз дасти Хидиралӣ, ки мо ӯро парваридем, одам кардем, – гуфт.
– Ту бошӣ, ибрат нагирифтӣ, ба кӯр ин амалҳои мо асо нашуд, – ғур-ғур кард Барзу ва сар бардошт. Нурҳои сарди офтоби тирамоҳ болои қуллаи яктораи кӯҳ, ки аз барф кафан ба сар кашида буд, афтода, хабар аз адои рӯз медод.
– Ба ман нигар, офтоба бин, офтоб дар куҷо?
– Дар сари қулла.
– Офтоб ба паси қулла, ки фуромад, тамом, умри ту ба охир меояд. Тезтар, чуқуртар кан қабратро… Ҳоло ман ба ту боз чанд гап мегӯям. Ин гапҳои маро ба гӯр мебарӣ, сарта бардор, – фармоиш дод. – Теппачаи болотар аз қабри падаратро дидӣ?

пешина
аз 234
навбатӣ