Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа, дидам.
– Генерала ҳамин ҷо оварда будам…
Аз деҳаҳои бармабари онҳо ӯ як одами бообрӯ буд, дар ҳукумат кор мекард, марди овозаю дарвозадор. Дар интихоботе, ки соли гузашта барпо гашта буд, ӯ ҳам номзадиашро дар муқобили раиси ноҳия гузошт. Чӣ мегӯӣ, ки ҳамин одам як шаб аз хонааш ба берун даъват шудаю бе ному нишон гашта. Падару модар кӯҳ ба кӯҳу дара ба дара бача кофтанд, нишоне аз ӯ наёфтанд.
– Медонӣ, мо ин генералро чӣ тавр ин ҷо овардем? Медонӣ, вай пеши пои мо афтоду чӣ нолаҳои зор кард?
– Не.
– Гӯш кун, – Барзу баъд тафсилот дод. Хеле кӯтоҳ ва мухтасар.
Шаб, қарори пои мардум, ба хонааш рафта будаанд, ҷеғаш задаанд. Зан фирефта шуда ӯро бедор карда. Дар шаби сард, ки барф меборида, генерал оҷилан таги як куртаи сафед, дар пой пояфзоли хонапӯшӣ ба пешвози аҷал давидааст, Барзу ва силоҳдорони ӯ пешандозаш кардаанд.
– Илтимос, аз шумоҳо як хоҳиш, бачаҳо, ҷомаамро гиред, пойпӯшӣ надорам, роҳ гашта наметавонам, – ба марг тан додааст генерал.
– Хоҳишашро ба ҷо овардем, ба хонааш даромада ҷомаю тоқӣ ва рӯймоли миёни раисро пурсидем. Баъд ба генерал ҷома пӯшондем, ба сараш тоқӣ монда, миёнашро бо рӯймоли гулдӯзиаш бастем.
– Шаҳ шудӣ, генерал, назди арӯс мебаремат, – гуфта хандидем.
– Вай гуноҳ надошт, – гуфт Мустафо.
– Медонем, ба мо ҳамин хел супориш шуда буд. Мегӯӣ, ки мо дар даруни одамони ҳукумат одам надорем, – хомӯш монд Барзу ва боз гуфт:
– Боз як гапи дигар. Исрофил Маҳмадёровро медонӣ-а?
– Медонам.
– Ҳамдеҳаи худат, як одами боэътимоди ҳукумат буд, аз минбарҳо вазъ мегуфт, бисёр гап мезад, безор шуда буданд ҳама аз ӯ.

пешина
аз 234
навбатӣ