Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Моҳоро ҳамин одам ташвиқ карда буд, ки силоҳ гирем, натарсем. Лекин чун ҳукуматиҳо омаданд, иҳота шудем, мададгорамон нашуд, суроғамон накард. Ба ҷустуҷӯяш рафтем, пинҳон шуд, аз хонааш набаромад. Ҳо, ана, як пои берун аз хокро мебинӣ? – ба канори хорзор ишора кард. – Ин ҷасади ҳамон номард, ҳамон лаънатии ҳамдиёрамон. Хаёл мекунӣ, ки мо аз ҳама чӣ бехабарем? Ба Худо мор дар таги замин ҷунбад, медонем, хабар меёбем.
– Хабаркашҳо-а? Хидиралӣ.
– Ту ба вай часпида гирифтӣ. Намедонӣ, аз ҳамин як деҳаи хурдаки шумо чи қадар кас аз болои якдигар хабаркашӣ карданд, лекин мо аҳамият надодем. Агар мекуштем, дар деҳаи шумо одам намемонд, иғвогарҳо аз деҳаи шумо бисёр, ягон деҳаи дигар ин хел нест.
Барзу беҳуда намегуфт, рост мегуфт, одамони деҳаи онҳо якдигарбадбинанд. Хешу анда, ҳама аз як кундаю реша. Вале дилсиёҳ, бахил. Якеаш чор пула ёфт, дигарашро дарди сӯзмол мегирад, инаш гӯри ваяш, ваяш гӯри инаша мекобад, ҳамдигарро ганда мекунанд, мефурӯшанд. Пеши зану кӯдакашон мебиёранд силоҳдорҳоро, пул медиҳанд, баъд зорию тавалло, ки фалонӣ ё бисмадониро кушанд.
Якеаш, аз ҳама аёну намоёнаш, боз ҳамин Хидиралӣ. Ҳеҷ илоҷи куштани Мустафоро наёфта, сӯхта-пухта гашта, ноумед шуда, дар ин роҳ ба коре даст зад, ки ҳафт пушти одамон ба худ раво намедиданд. Занашро ба онҳо нишон дод.
«Не, муаллим, янга намешавад, вай ба худат насиб кунад», – гуфта, як силоҳдори номии одамкуш нӯлпокизакунӣ кард.
Чашмаш ба духтарони қадраси ӯ шуд, ки рӯи ҳавлӣ бо тӯб бозӣ карда синаҳоро ҷунбонда-ҷунбонда медавиданд.
– Кадомаша шумо мехоҳед? – гуфта ӯ ба силоҳдор, ки дар синну сол қарибе баробари худи муаллим буд ва риши сиёҳаш тор-тор сафедӣ гирифта.
– Рости гапро гӯям, муаллим?
– Бугӯед, дилатон мехостагиша гӯед.
– Харобаки қаддарозаш.
– Аз ҷои ҷон қапидед. Вай ҳамин сол синфи нуҳумро тамом кард, талабгораш зиёд.

пешина
аз 234
навбатӣ