Ишқи сархӯр

Аммо вай «худум мехостагима мегирум», гуфта қайсарӣ дорад.
– Агар маро не гӯяд?
– Мекушам, духтарони ман аз гапам сар печида наметавонанд, мекушам.
– Офарин, муаллим, лаҷоми фарзанд дар дасти падар бояд бошад.
– Хоҳишатонро ба ҷо мебиёрам. Зебиро ҳамин шаб дар коса об монда, никоҳ карда, ба шумо медиҳам, соҳиб шаведша.
– Оҳ, муаллимҷон, шумо бароям ба ҷои падар, кошки ҳамин хел кунед…
– Ҳамин хел мекунам, додар, лекин аз шумо як хоҳиш дорам. Маро аз як бало халос мекунед.
– Ба ҷону дил, аз осмон ситора кан гӯед, меканам, шумо аз гапатон нагардед шуд. Ҳамин шаб, иҷоб шавем. Чӣ хизмат кунам?
– Ҳамин ҳамсояам.
– Кадом ҳамсояатон?
– Шумо вайро мешиносед, мудири мактаб Мустафо.
– Ҳабибуллоев?
– Ҳа.
– Чӣ кор кунам?
– Паронед, ба дили ман ҳамин як корро кунед.
Бо шунидани номи Мустафо силоҳдор чанд лаҳза хомӯш монд ва баъд ба хулосае омад, ки гуфт:
– Бачаи бобои Абдусалимро мегӯед?
– Ҳа, вай мӯйсафед душмани шумоҳо буд, Барзу вайро кушт, аҷаб кори хубе кард.
– Фаҳмидам, муаллим, куштани вай ба ман як лаҳзаина амал.
– Кай ҳамин кора мекунед?
– Пагоҳ, аз хонааш набаромада мепаронам.
– Чи хабари хуше! Баъд худам ба ҷои вай мудири мактаб мешавам.
– Ин корро ҳам мекунам. Аз гапатон нагардед, шаб мебиёям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё