Ишқи сархӯр

– Биёед, духтарам Зебӣ садқаи саратон. Вайро ба бағалатон меандозам, соҳиб шавед, фақат ҳамин ки ҳамин саҳар…
– Мепаронам.
Шаб, ба ақидаи худаш, дар хонаи Хидиралӣ тӯй шуд. Духтар ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ набуд, ки ба ихтиёри силоҳдор шавад.
Модари ӯ ҳам дар ҳамин ақида, дуои сангу борон ба сари шавҳар мерехт. Зебӣ даступо мезад. «Намехоҳам, дадаҷон, намехоҳам!» Овозаш хонаҳои ҳамсояҳоро мегирифт. Вале падари бераҳм бо орзуи парронда шудани рақибаш Мустафо дастони духтарро бандпеч кард, ӯро ҳамон шаб ба бағали силоҳдор афканд.
Саҳар шуд, Хидиралӣ шаби дароз дар орзуи парронда шудани Мустафо бедорхобӣ кашид, ба дил қошуқ метарошид, ноумед гашт. Садои тир аз хонаи Мустафо баланд нашуд. Силоҳдор мардона рафтор карда. Гуфтааст, ки девона нашуда барои як шаб ҷогаҳхобӣ одам кушад, боз як марди бообрӯ, миёни маърака, Мустафои бачаи бобои Абдусалимро.
Рост мегуфт Барзу, деҳаи онҳо дар маълумотбозӣ овоза дорад. Дар замони шӯравӣ аз се якеашон, чи хеле мегӯянд, «буз» – хабаркаши милисаю дигар идораҳо буданд. Дар рӯзҳои ноосудагӣ ҳисоби бузҳо афзуда.
Дар деҳа ба бобои Абдурасул Худованд тӯй лоиқ дид.
Тӯйи суннатии ду набераи ширрӯяки бачагиаш. Орзу дошт, ки ба ин рӯз расад. Мегуфт, ки тӯй мекунам, орзу мешиканам.
Ҳамин хел рӯз омад, буду нобудашро ба харҷ дод, тӯй кард.
Артист овард, чавку монд. Гӯштин, баъд буз доданӣ буд.
«Кирми чашмам мурад», мегуфт.
Дар дегҳо ош монд, бобои Сафар кафгир дар даст гирди дегҳо мегашт, оши ӯ пухтаро даҳон мебоист, ки хӯрӣ, ошпази номӣ, дар тӯйи набераҳои бобои Абдурасул ӯ дар хизмат…
Дар миёни ҳавлӣ пиру ҷавони деҳ, занону духтарон, то кампирҳои «имрӯз-пагоҳ мемурам» мегуфта ҷамъ. «Ҳай ҷонуме, садқат бушаме, аката куштӣ», – гӯён ҳар кадоме ба рақс омада, лоиқ ба фаҳму фаросаташ овоз мебаровард, ҳамаро як ҳаяҷону дилхушие. Лаҳзаҳои гарм ва боз гармтар гаштани маърака.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё