Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин ҳангом овоза паҳн шуд, ки «силоҳбадастон омаданд, дар қаҳру ғазабанд». Одамон ба тарсу ҳарос афтода паспаси ҳам аз ҷое ба ҷое мекебиданд, ба паси дару девор, дарахтон мерафтанд.
Болои оташи шавқу ҳавас, ғалоғула, нидоҳои пурҳаяҷони тамошобинон ва садои мусиқӣ гӯё оби сард рехт. Ҳама хапу дам шуданд, хомӯшии нохуш, ваҳмангезе. Силоҳдорон дар ҳавлӣ ҷавлон доштанд. Дар китфҳо автомат, дар даст теғ ё тапонча. Ду нафар гирди дегҳои ош рафтанд, яке паканаю дигар ришдори рӯяш чутур.
– Бобои Сафар, ош пухт? – пурсид пакана.
– Ҳа, ҳозир дам партофтам.
– Сергӯшт аст?
– Ҳа.
– Бобои Абдурасул канӣ? – соҳиби тӯйро суроғ карданд.
«Бобои Абдурасул, ҳой бобои Абдурасул!» – Фарёд заданд ҳар ду силоҳдор. Бобои Абдурасул яктаҳи дарози сафед дар бар ва саллаи сабзтоб дар сар, асозанон аз кадом хонаи бармабар берун омад.
– Ин ҷо биё, бобо, зуд бош, биё, гап дорем, – силоҳдорон сари дег наздашон хонданд боборо.
– Хуш омадед, бачаҳом, биёед, – бобои Абдурасул аз ҳарос худро гум карда буд, дасту панҷаҳояш меларзиданд. – Биёед, бачаҳом, биёетон, – ғайри ҳамин чанд ҳарф сухане дигар ба забонаш намеомад.
– Биё нагӯӣ ҳам, омадем, туро ба ихтиёрат монем, «биё»
намегӯӣ. Хабар накардӣ? Чӣ мо, одамхӯрем? Бо пойҳоямон ош мехӯрем?
– Не, не, бачаҳом, ҳаргиз ин хел нагӯед.
– Бачат канӣ? Ҷеғ зан.
– Саидбурҳон дар шаҳр аст.
– Бо бачаат назди Барзу ҷавоб мегӯӣ. Ду шабу ду рӯз тӯю нақоранавозию моҳо бехабар. Хабар накардӣ, корсонҳоро пеш мон, бобои Сафар, кафгира ин тараф те! – Фармон дод пакана ба ошпаз. Корсонҳоро пеш кашид ва худаш бо кафгир аввал гӯшти ҳар ду дегро ҷудо кард, дар ду корсони дигар оши дегҳоро бардошт.

пешина
аз 234
навбатӣ