Ишқи сархӯр

Бобои Абдукарим сар боло карданӣ буд, ки қундоқи автомат ба рӯ, ба парраҳои сараш омад. Зарбаҳои сахт, ба хаёлаш ягон дандонаш намонд, аз даҳону биниаш хун шорид, чашмонаш ҳеҷ ҷойро намедиданд, мадҳуш гашт, афтод.
Ба ҳуш омад бобои Абдукарим, чашм кушод ва ба гирду атроф назар давонд, рӯи замини қоқ мехобид. Кулбаи нимвайронае, дохили он одамони зиёде. Пойҳои аз хунукӣ карахту беҳаракат шудаашро ғундошта дар ҷояш нишаст. Торҳои риши сафедаш хунолуд, хун хушк шуда дар ришҳо, дар гиребони куртаю гирди лабу лунҷҳояш.
– Бобои Абдукарим, – шунид овози амакбачааш мулло Сайидро.
– Шумо мулло Сайиде?
– Ҳа, бобо, аз деҳа бисёрем, – мӯйсафеди Самиу Ҷонони шофир ҳам овоз бароварданд.
– Шумоҳо дар куҷо ба даст ғалтиде?
– Аз хонаҳомон қапидан.
– Нагуфтанд барои чӣ?
– Хонаҳои Раҷаббою Ҳамиди пучуқа пурсиданд.
– Чӣ гуфте?
– Чӣ мегуфтем? Намедонем, гуфтем.
– Хуб кардед. Намедонед, ки дар куҷоем?
– Ранге, ки дар Ситамдараем.
– Саҳар шудааст?
– Ҳа, кайҳо, тайамум карда намозомона хондем.
– Усто Асалро парронданд, – бо ҳасрат номи ӯро ба забон оварданд.
– Худо раҳматуш куна, одами хуб буд, – гуфт Ҷонони ронанда.
– Ҳамамона мепаронанд, – боз ба гап ҳамроҳ шуд бобои Абдукарим.
– Чӣ мекунем, тақдир ҳамин будааст.
Пешопеши се нафар силоҳдор ҳамон марди калонсоли ба бобои Абдукарим шинос, ки аз зарбаҳои автомати ӯ акнун ба ҳуш омада чашм кушода буд, ба кулба даромад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо