Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вайро аз дари БТР ба дарун тела доданд, ба дарозии қад пеши пои чанд нафар ғелид, сипас бо азоб хесту ба ҷои нишондодаи онҳо нишаст. Ҳамон марди калонсоли харобаи қадбаланди сар то по силоҳдор, ба мисле ҷавшанпӯш ҳам буд, коғазҳои дасташро варақ гардонд, рӯйхате дошт, рӯйхати номи одамон.
– Бобо, – муроҷиат кард ӯ ба вай. – Мо як маслиҳат дорем,
– овозаш нарм шуд. – Гап байни худамон мемонад, аз ту баъзе гапҳоро мепурсем, лекин рута сиёҳ карда дурӯғ намегӯӣ. Номҳоро мехонем, ту хонаҳошона нишон медиҳӣ.
Аз ин хоҳиши силоҳдор вазъи бобои Абдукарим тағйир ёфт, ба тарсу ҳарос афтод.
– Натарс, бобо, ба сарут халта мекашем, туя намебинанд, намешиносанд.
– Наметавонум, наход дар охири умрум мани ному нишондор ҳамин хел кор кунум.
– Ба хубӣ мегӯюм, зинда мемонӣ, – мусоҳибаш давом намуд:
– Туя бобои Абдукарим мегӯянд?
«Силоҳдор аз куҷо донист номи ӯро?» дар ҳайрат монд. Ва ба хаёлаш расид, як назар муаллим Хидиралиро дида буд, бо силоҳдорон аз БТР фуромада, бобои Абдукаримро дидан замон чапасар ақиб гашт.
– Ҳа, мана бобои Абдукарим мегӯян, номам ҳамин. Аммо гӯе, ки номи мана ба шумо кӣ гуфт? Муаллим гуфт?
– Кӣ гуфт, нагуфт, кори ту набоша… Ба ту боз як кори дига ҳам дорем. Ин кори моя ту буд карда метавонӣ, фақат ту, ба мо гуфтанд.
– Чӣ кор, кӣ гуфт?
– Баъд мегӯем чӣ кор! Ин гапи алоҳида. Ҳоло ба мо бигӯ, ки одамони бадавлати деҳа киҳоянд? Худамон медонем, рӯйхат дорем, лекин боз аз ту ҳам мепурсем, месанҷем. Ҳавлии имомхатиби масҷида нишон медиҳӣ.
– Намедонум, нишон дода наметонум. Мардум чӣ меган?
Меган, ки бобои Абдукарим пош ба лаби гӯр расидаю бузӣ мекуна. Ман ин нома бардошта наметонум.
– Мӯйсафед, ба худ биё, ҳушта ба сар гир, «намедонум», нагӯ, ҷонта маст мекунем, ай пот ба пушти мошин мебандем, падарлаънат, зувонта мебурем.

пешина
аз 234
навбатӣ