Ишқи сархӯр

– Аз ҷоят хез, – шиноси бобои Абдукарим ба Ҷонони ронанда амр намуд. Ӯро як силоҳдор пешандоз карда аз дар баровард.
– Шумоҳо мӯйсафедҳои беимон, зинда мондан мехоҳед? – мулло Сайиду амаки Самиро аз ҷой хезонданд силоҳдорон.
– Бачаҳом, мо гуноҳ надорем. Худо нигаҳбонатон шавад, аз куштани мо чӣ муроде ҳосил? Зомин нашавед ба хуни мо, пеши пои бачаҳотон мемурем, накушед, дуои неки моро гиред, – мулло Сайид илтиҷо кард.
– Як шарт дорем, Алиризои раисро медонед?
– Вай аз деҳаи мо нест.
– Медонем, аз Ширинбутта аст, раис аст, одами дорою бадавлат аст. Ҳаминро медонед-а?
– Ҳа, медонем.
– Духтараш дар Лолазор шӯ дора-а?
– Ҳа, зани Ҳошими ҷияни ман аст, – мулло Сайид ба пурсишҳо ҷавоби рост мегардонд.
– Бале, домулло, рост мегӯӣ, ба фоидаи худат. Хуб будааст, ки духтари ин бойбобо ба дасти ҷияни ту будааст. Нағз.
Акнун ба шарти мо гӯш кун. Ба хонааш меравӣ, мегӯӣ, ки духтараш қазо кардааст, ҷанозахабаркунум мегӯӣ.
– Ло ҳавла ва ло қуввата иллобиллоҳил азим. Чӣ хел мешудааст, ки ман духтари вайро мурдааст мегӯям.
– Мегӯӣ, фармоиши моро ба ҷо мебиёрӣ, мо вайро дар сари роҳ интизор мешавем. Вайро меқапем. Баъд ту халос, озод.
– Ин хел кор карда наметавонам. Баъд оқибаташ чӣ мешавад?
– Зинда мемонӣ.
Мулло Сайид дудила шуда буд, ё дар фикр афтода буд, ки ҷавоб намегардонд.
– Намехоҳӣ-а? Аз дар баро, бо рафиқот дидор ба қиёмат гӯй, – ба тарафи дар ӯро тела доданд, пешандози як силоҳбадаст шуд. Мулло ба ҳарос афтода, аз тарси ҷон сар то қадамаш меларзид, ба хулосае омада буд, ки ақиб гашт.
– Ба шарти мо розӣ шудӣ?
– Ноилоҷ мондам, бачаҳом.
– Берун баро, ба ту боз гапзанон мекунем, баъд меравӣ, – гуфт ҳамон силоҳдори калонсол.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо