Ишқи сархӯр

Дар кулба бобои Абдукарим монда буду силоҳдор ва мӯйсафеди Абдусамеъ. Силоҳдор бобои Абдукаримро гӯё намедид, ки ба вай эътибор надода аз наздаш гузашт.
– Ку, ту рост шав, – фармоиш дод ба Абдусамеъи куҳансол ва давом намуд:
– Ба ту ҳам ҷон азиз-а, пирхар?
– Таҳқир накун, ту набераи ман мешавӣ.
– Забондарозӣ мекунӣ?
– Забона ба ман Худо додааст.
– Мегум, мӯйсафеди пургӯ метовӣ. Майлаш, бало ба пасут.
Ба ту раҳмум омадай. Ба ту як вазифаи осонак мефармом.
Ҳамӣ гапҳои мана мегӯию баромада меравӣ.
– Чӣ вазифа мефармоӣ?
– Мулло имоми деҳаатон меган пиртай, ҳамӣ гап ростай?
– Ҳа, рост, ман ин одама ҳурмат мекунам. Пушт ба пушташон эшонзодаанд.
– Гуфтам-ку, ба ту як вазифа. Зану духтари ҳами пирта ном мегирӣ, пушт ба пуштша лаънат мехонӣ, халос.
– Ман ин кора намекунам.
– Сар кун ҳақората мегӯм! Аз ту чӣ мерава? Як ду-се бор даҳон мекушоӣ, дашном медиҳӣ, баъд ҷонут халос, меравӣ, озод.
– Чӣ гуфтӣ?
– Нашунидӣ чӣ гуфтам?
– Ман ҳазрати домулло, пирамро дашном намедиҳам. Пом ба лаби гӯр расидааст, аз он дунё умед дорам, сутуни дӯзах шудан намехоҳам.
– Мегӯӣ букушумут, паронум.
– Ихтиёрат.
– Рута ба девор гардон. – Садои пайиҳами тир аз кулбаи нимвайрона ба дуриҳо ғулғула андохт. Пайкари мӯйсафеди Абдусамеъ паси пардаи дуд ва чангу хок монд, дами бобои Абдукарим ба дарун зад. Вай пеши назар кушта шудани одамро дид. Ба воҳима афтод. Дил дар синааш ноором гашт, дар такопӯ, талотум, навбати ӯ расида. Дар ҷӯши ҷанги ҷаҳон намурду омада-омада дар ҳамин деҳаҳои худашон аз дасти ҳамзабонаш парронда мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо