Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар ягон шарт гузоранд?
Шавад, ки аз дами марг раҳад, аз ин ҷо барояд… Баъд ягон фикр мекунад. Агар напурсанду ӯро паронанд чӣ? Худо нигаҳ дорад. Чашмони лаънатиро хун гирифтааст. Одам парронд, ана, боз ҳамон автоматаш, ки аз мили он ҳанӯз дуд мебаромад, дар даст, аҷалаш назди бобои Абдукарим омад.
– Ба чанд даромадӣ?
– Солум харгӯшай.
– Аз ту мепурсум, пирхар, ба чанд даромадӣ?
– Ҳамин баҳор ба ҳаштод медароюм.
– Ба ҳаштод намедароӣ.
– Раҳм кун, бачам.
– Гапма нагирифтӣ-ку.
– Гапта мегирум, бачам.
– Дидӣ – а, дар пеши чашмот одам куштум.
– Ҳа, дидум.
– Ба ту як кор мефармоем, ҳазрати Абутолиб фармуд.
– Ҳазрати Абутолиб кӣ аст?
– Қумандон. Мирзомуроди банкир ҷиянут меша?
– Ҳа, вай ҷиянмай.
– Мо ҳам медонем, бачаи хоҳартай, рости гапа гуфтӣ.
– Ман дурӯғ намегум, бачам.
– Вайро зинда гирифтанамон лозим.
– Чико мекунеша?
– Ҷои пулу молша мегӯя, набоша куштани вай ду карат ду.
Мурдаашро ба сарамон мезанем. Пулош лозим, пулош. Агар не, ту ба мо чӣ даркорӣ, мепаронемта. Чӣ гуфтӣ? Ҷон мефората? Чӣ хап шудӣ, пирхар? Гапи мана намегирӣ? То се ҳисоб мекунум. Як…
– Ман чӣ кор кунум?
– Телефон карда метавонӣ.
– Телефонум дар хона мондай.
– Сару фукта ҳамвор кун, дасту рута шӯ, орденота барои ҳамин аз пеши барут нагирифтем. Ҳамин короя мекунӣ. Хонаш медароӣ, туро бина дар гӯр ҳам боша, мебароя. Баъд ба мо телефон мекунӣ.
– Баъд чӣ?
– Ин тарафаш кори мо.

пешина
аз 234
навбатӣ