Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз рӯи маслиҳатҳое, ки дар гӯшаш чанд соат хонданд, бобои Абдукарим амал менамуд. Телефон дода буданд ба вай, барои боварӣ ҳосил шудан пеши назарашон ба телефонҳои онҳо дар гуфтугӯ шуд. Амалу ҳаракатҳои ӯ писандашон омад.
– Дар ҷанг ба разведка рафта будӣ? – аз бобои Абдукарим пурсиданд.
– Ҳа, борҳо забон оварда будем.
– Ҳоло ту киро меёбӣ?
– Мирзомуроди банкира.
– Бале, аз хотир набарор, ки супориши мо аз супоришҳои давраи ҷанги ҷаҳон зӯрай. Мисли ҷанг аз тарафи душман не, аз дасти мо кушта мешӣ. Фикр кун, мӯйсафед, бо мо бозӣ карда наметонӣ, дар поини деҳа, аз мошин мефароӣ. Баъд худуту ихтиёрут, саруту равғанут. Дар сарут боз ягон фикр набиёя. Дунёя бедушман хаёл карда, гурезум нагӯӣ. Мо зану бачата медонем.
Аз рӯи маслиҳат роҳ мерафт, бо шиносҳое, ки дучор меомаданд, ҳамгап намешуд. Роҳу роҳравҳои деҳа пур аз силоҳдорони Сиёҳдара. Ҳанӯз хонаю ҳавлиҳо беодам. Силоҳдорон медонистанд, ки хонаи Мирзомурод даромадан бефоида, худи банкир ба онҳо лозим. Маълумашон набуда, ки ӯ дар куҷо.
Бобои Абдукарим паси дарвозаи боҳашамати оҳанини гуландозишуда меистод. Қираи чашмаш ба силоҳдоре афтод, ки дуртар аз вай наззорааш дошт. Бобо ангушт болои занги бурҷи дар монд, пахш кард ва боз пахш кард. «Ман, ман бобои Абдукарим!» баланд ва боз баландтар овоз баровард.
Шарфаи по шунид, касе меомад.
– Ман, бобои Абдукариматон, – такрор кард. Даричаи одамдарои дарвоза боз гашт.
– Шумоед, бобо?
– Ҳа, ман, келин.
– Дароед, тезтар, – завҷаи Мирзомурод саросема ақиб рафт. Дар як ҳавлии калони бесару бебар, як худи ӯ танҳо.
– Бачаҳо дар куҷоанд? – бобо фарзандони ӯро дар назар дошт.

пешина
аз 234
навбатӣ